Дилбар Гургова: Фарзандонамро ба вазири маориф месупорам!

Дилбар Гургова, модари панҷ фарзанди ноболиғ, ки барои вайрон кардани қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, метавонад аз 4 то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима шавад, мегӯяд, пас аз ҳукми суд фарзандонашро ба Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм месупорад.

Дилбар Гургова, соҳиби панҷ фарзанди ноболиғ аст. Дар хобгоҳи иҷора зиндагӣ мекунад ва панҷ фарзанди ноболиғашро ба танҳоӣ тарбият дорад. Шавҳараш Амрулло Нуров ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби 4-уми сентябри соли гузашта, ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

Мушкилоти ӯ бо мақомот пас аз боздошти шавҳараш шурӯъ шуданд. Сарфи назар аз он, ки дар шароити сахти иҷтимоӣ қарор дорад, Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур нисбаташ парванда оғоз кард. Дар асоси нишондодҳои омӯзгорон, Гургова, тибқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1 ва 2 ба “Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола)” айбдор мешавад. Моддаи мазкур ҳадди ақал 4 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ кардааст, ки Дилбар барои ба даст овардани ин маблағ бояд солҳо кор кунад. Вай мегӯяд, дар як рӯз аз 10 то 20 сомонӣ меёбад, ки танҳо ба хӯрондани кӯдаконаш мерасад. 

Парванда ба суди ҳамин ноҳия ирсол шудааст.

Гургова пештар ба расонаҳо гуфта буд, ки муфатиш ба ӯ таҳдид кардааст, ки ӯро ба ҳабс хоҳад гирифт. Дилбар мегӯяд, дар дуконе фаррошӣ мекунад, аз нодорӣ наметавонад ба фарзандонаш либоси мувофиқ ба талаботи имрӯзаи мактабро харидорӣ кунад. Муаллимон ду фарзанди мактабхони ӯро бинобар надоштани пойафзоли “дуруст” аз дарс рондаанд.

Бино ба гуфтаи Гургова тифлони ӯро, ки аз ночорӣ мехост ба ятимхонаҳо супорад, ин муассисаҳо низ қабул накарданд. 

Ҳамакнун Дилбар Гурговаро, ҷаримаи калон аз 4 то 8 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.

Парванда нисбати Гургова дар асоси нишондоди омӯзгорон сохта шудааст. Латофат Ғафурова, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №48 ноҳия ва роҳбари синфи Худоёр, писари қаҳрамони ин матлаб навиштааст, ки рафтори Худоёр Нуров он қадар хуб нест ва сару либоси мактабии дар танаш буда ҳам доим ифлос. Давомоташ ҳам хуб набудааст. Аз аввали сентябри соли 2015 ҳамагӣ 10-15 рӯз ба дарсомадааст ва дигар то моҳи апрели соли 2016 ба дарс наомадааст.

Сайрам Саримсоқова, омӯзгори дигари ҳамин мактаб дар нишондодаш гуфтааст, ки Нуров, писари дигари Дилбар давомоти хуб надошта, 201 соат дар дарсҳо иштирок накардааст. Дар бозори 9-ум километр бо модараш савдо мекардааст.

Гулрухсор Саидова, савдогари бозори 9-ум километр ҳам ба сифати шоҳид баёнот додааст, ки дар ҳақиқат Дилбар Гурговаро мешиносад, ки дар паҳлуйи ӯ сабзавот мефурӯшад. Зиндагии Гургова вазнин буда, кӯдаконаш ба модарашон кӯмак мекардаанд ва Дилбар Гургова инсони хуб ва бо ҳама муносибати нек дорад.

Айбдоркунанда ё прокурор пешниҳод кардааст, ки мутобики моддаи 61-и КҶ ҶТ ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии ҷиноятии Дилбар Гурговаро ба назар гиранд, ки бори аввал содир кардааст. Вай ҳамчунин аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон аст...

Аҷиб аст, ки тафтишот аз омӯзгорон намепурсад, ки чаро нисбати Гургова пештар – то замони боздошти падарашон ба мақомот шикоят набурдааст?

Чаро дар парванда нишондоди Дилбар Гургова ва писараш Худоёр дар бораи талаб кардани маблағи моҳонаи мактаб вуҷуд надорад? Чарокасе дар прокуратура аз онҳо намепурсад, ки оё муаллимон аз онҳо ҳар моҳ пули мактаб талаб мекарданд, ё не?

Хонум Гургова мегӯяд, борҳо ба прокурор гуфтааст, ки вақте моҳи октябр писарашро аз мактаб хориҷ карданд, Латофат Ғафурова чанд маротиба ба хона омада, маблағи мактабро талаб карда буд. Панҷ маротиба ба мактаб рафтам, гуфтам монед дар дарсҳо иштирок кунад. Боз ҳам Ғафурова гуфт, ман кор надорам, директор мегӯяд, ки ҳаштмоҳа маблағи мактабро диҳад, баъд роҳ медиҳам!

Гургова мегӯяд, имкони як дирам пардохт кардани ҷаримаро надорад ва агар суд ҳукмашро дар асоси ин модда содир кунад ва ӯро айбдор донад, фарзандонашро ба Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм месупорад.

Ӯ мегӯяд, барои кӯмак ба назди Ҳамидулло Фақиров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе рафтааст.

- Сахт дилам монд. Вақте ба Фақиров гуфтам, охир фарзандонамро ба хотири маблағи моҳона аз мактаб пеш мекунанд ва инак худамро павранда кардаанд, рафту ҳукми маҳрум аз озодӣ диҳанд, гиред фарзандони маро саробон шавед. Гуфт, ки не! Гуфтам пас онҳо дар кӯча дузд ва бесавод тарбия ёбанд?

Посух дод, ки агар фарзандонат ҷинояткор шаванд, турмаҳои нав сохтаем, мераванд мешинанд, ҳеҷ гап не!

Назарҳо

Ана хамин хел мо, аниктараш хизматчиёни давлати мардумро то ба суикасди чон бурда мерасонанд ва баъд таассуф мехуранд, ки зане бо фарзандонаш худро ба об андохт ё оташ зад...Шарм доред, омузгорони "асили" кишвар!
Хамин хел рафтан гира хаму турмахотонам намебара ками мекунад . ... факат дар гами маблаги дигар тамом аммо як чизи дигаре хам хаст ки бояд дони махбахсхои илохи ки хамеша барои шумо барин омузгони ришва хур холист
Не бародарон иншоллох мебинем суд парвандаро нисбати ин зин катъ мекунад. Кудакон низ аз чониби давлат дастгири меёбанд. Факмт ин зан гумрох шудааст ва намедонад чи тавр дуруст рафтор кунад. Ба дасти журналистони игвогар афтида аз ин дарди у истифода карда давлату давлатдориро паст зада истодаанд.
Апаи мехрубон ягона илочаш ин аст,ки тарки Ватан кунед,то он ки осуда бошед,набошад ин ...шуморо ба худ дармекашад ва фарзандони шумо,ки ноболиганд,азоб мекашанд!

Шояд шумо суол ё назаре доред?