Додхоҳии рӯзноманигори зиндонии тоҷик: Маро озод кунед

Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳбуси тоҷик ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон нома навишта хостори он шудааст, ки ӯро аз маҳбас озод намоянд.

Ин рӯзноманигори тоҷик, ки ҳанӯз соли 2013 барои қаллобӣ муттаҳам ва ба 11 сол равонаи зиндон шуда буд, аз муассиаи ислоҳотии шаҳри Хуҷанд ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон нома навиштааст. Муҳаммадюсуф Исмоилов аз роҳбари дастгоҳи президенти кишвар Озода Раҳмон хоҳиш намудааст, ки номаашро ба сарвари давлат расонад.

Дар мактуби Муҳаммадюсуф Исмоилов омадааст, “маро соли 2014 ба авф нагузарониданд, яъне қонуни авф ба ман дар ин сол татбиқ нашуд. Соли равон низ боз қонуни авф баромад, аммо ин бор гуфтанд, ки аз 3 як ҳиссаи мӯҳлати ҳукмат кам карда мешавад.”

Ӯ гуфтааст:

-Гарчанде дар маҳбус бошам, вале боре ба ин давлату ҳукумат хиёнат накардаам. Ду фарзанди ноболиғ дорам ва ба замми ин маҷрӯҳи гурӯҳи 3-юм мебошам. Илтиҷо дорам, муҳтарам президент, ки маро аз маҳбас озод кунед.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?