ДОИШ навори қабл аз ҳамлаҳои Парижро мунташир кард

Гуруҳи мавсум ба “Давлати исломӣ”, ки дар Тоҷикистон ва аксар давлатҳои дунё ҳаракати террористӣ эълон шудааст, наворе мунташир кард, ки зоҳиран қабл аз ҳамалоти Париж дар 13-уми ноятбри 2015 гирифта шудааст.

Дар ин навор аксҳое сарбуридани зиндониён ва анҷоми омӯзишҳои низомӣ дар Ховари Миёна дида мешавад. Ҳамчунин нуқоти мавриди ҳамлаи Париж, ки 130 нафар дар он фавтиданд дар ин навор дида мешавад. Навори мазкур бо аксҳое аз ҳимояти намояндагони парламенти Британия аз ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи ДОИШ дар Сурия ба итмом мерасад.

Навор қабл аз силсилаҳамлаҳои ДОИШ дар Париж бардошта шудааст. Дар ин навор тасовире аз онҳое, ки дар ташкили ин ҳамалот муттаҳам мешаванд дида мешавад. 

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?