Донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ дар бинои нав таҳсил мекунанд

Президент Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, субҳи 30-юми август  Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ бо шароити таълим дар бинои нав шинос шуд.

Фармоишгари сохтмон Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва пудратчӣ ҶДММ “Сур-саф” мебошад. Соли 2011 — ум Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин иншоот санги асос гузошта буд ва корҳо аз моҳи июни соли 2012 оғоз шуда буд.

Барои бунёди иншооти мазкур 50 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бинои таълимӣ аз 3 иморати 5 ошёна иборат мебошад ва барои 1072 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии бинои нав 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?