Донишмандони амрикоӣ танбалиро нишоне аз зеҳни воло донистанд

Олимони ИМА ба ин натиҷа расиданд, ки танбалӣ нишоне аз ҳушмандии баланд аст ва баёнгари он нукта аст, ки дар инсон сатҳи  IQ, болост.

Дар ин бора ахиран The Independent истинодан ба Journal of Health Psychology навиштааст.

Муҳаққиқон аз донишгоҳи Флорида миёни даҳҳо донишҷӯён таҳқиқотеро роҳандозӣ карданд ва аз онҳо хостанд дар ҳалли як масъалаи хеле мушкил гузинае аз амалҳоро интихоб кунанд.

Аз натиҷаи посух ба суолоти саволнома гуруҳи 60-нафараро интихоб намуданд. 30 нафари онҳо гуфтанд, ки аз иҷрои вазифаҳое, ки роҳҳои ҳалли масоили мушкилро дархост мекунанд, лаззат мебаранд. Дигарон посух доданд, ки дар бораи ин гуна масъалаҳо замоне меандешанд, ки зарурате пеш ояд. 

Ба ширкаткунандагони таҷриба дастбандҳои фитнес бастанд ва бо ин васила муддати чор рӯз сатҳи фаъолнокии онҳоро санҷиданд. Маълум шудааст, ки гуруҳи донишҷӯёне, ки фикр мекунанд камтар дар ҳаракатанд.  

Донишмандон ба ин хулоса омаданд, ки касоне, ки намехоҳанд зиёд бияндешанд, хеле зуд маҳзун мешаванд, аз ин рӯ мехоҳанд вақти холии худро ба ягон кори ҷисмонӣ пур кунанд.

Гузашта аз ин танбалӣ нишони он аст, ки инсон мехоҳад бештар андармони андешаҳои худ бошад, вале касони аз нигоҳи ҷисмонӣ фаъол энержии худро сарф мекунанд ва дигар нерӯе барои андешаҳо боқӣ намегузоранд.

Дар ин ҳол ҳам олмион бар ин назар нестанд, ки боло будани сатҳи IQ  нишоне аз камфаъолиятӣ дониста намешавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?