Ду медалаи биринҷии варзишгарони тоҷик аз Кувайт

Комроншоҳи Устопириён ва Сайҷалол Саидов ду варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Кувайт бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.

 Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг дар ин мусобиқаи қаҳарамонӣ ширката карда, ҳарифони худро аз Фаластин ва Қазоқистон шикаст додааст.

Сайҷалол Саидов варзишгари дигари тоҷик дар вазни 100 кг қувваозмоӣ карда, ду маротиба ғолиби майдон шудааст.

Дар ин мусобиқаҳои қаҳрамонии Осиё Тоҷикистонро 7 нафар: Хушқадам Хусравов дар вазни 60 кг,  Умед Абдураҳимов дар вазни 66 кг,  Шуҳратҷони Фарҳизода дар вазни 73 кг, Фарҳод Раҳимов дар вазни 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90кг, Сайҷалол Саидов дар вазни 100 кг ва Муҳаммад Абдураҳмонов дар вазни 100 кг дар вазнҳои мухталиф намояндагӣ кардаанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё рӯзҳои 13-14 май дар Кувайт баргузор гардида, ғолибони ин мусобиқа барои иштирок дар бозиҳои “Олимпӣ”-и соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейро роҳхат гирифтанд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?