Дуздии 16 ҳазор сомонӣ аз Фурудгоҳи Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дуздии 16 ҳазор сомониро ошкор кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, бо гумони дуздии ин маблағ як сокини 24-солаи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Манбаъ мегӯяд, гумонбаршаванда, 14-уми октябр, тахминан соати 22:00-дақиқа, ҳангоми дар терминали фурудгоҳи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, пинҳонӣ аз дохили сейфи фурӯшандаи чиптаҳои ҳавопаймои ҶДММ “Агентии алоқаи ҳавопаймо” маблағи пулӣ дар ҳаҷми 16 350-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?