Эҳтимоли баста шудани дафтари САҲА дар Душанбе

Эҳтимол фаъолияти дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон қатъ карда шавад.

Дар ин бора расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла "Сентразия", аз қавли манобеи худ хабар дода, гуфтаанд, ин тасмим дар Ҷаласаи ахири Ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудааст.

Бино ба қавли манобеи ин расонаҳо, маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, пас намоишҳои эътирозии гуруҳи ҷавонони мухолиф дар Лаҳистон, фаъолияти ин созмонро дар Тоҷикистон "зарарнок" ҳисобидааст.  

Аммо дар хабари расмии Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат, ки 30-юми сентябр баргузор шудааст, масъалаи марбут ба фаъолияти САҲА мавриди муҳокима қарор нагирифтааст.    

Дар бораи чунин тасмим мақомоти Тоҷикистон расман шарҳу тавзеҳе надодаанд.

Хабари баста шудани дафтари САҲА дар Душанбе дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки гурӯҳе аз ҷавонон, ки худро мухолифи ҳукумат ва аъзову тарафдорони ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, азҷусла ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ меноманд, 19 сентябр бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшава хостори озод шудани аъзои раёсати ин ҳизб шуданд.

Ин гуруҳ вориди толори ҷаласаи солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон шуданд, ки Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик ва ҳайати Тоҷикистон ҳисобот медод.

Ҳайати Тоҷикистон дар пайи ин иқдоми мухолифин 23-юми сентябр ҷаласаи солонаи САҲА-ро бо нишони эътироз тарк кард. Дар изҳороти ин ҳайат гуфта мешуд, ки ба толор раҳ додани гуруҳи эътирозгар амалан маънии дастгирии ҷинояткоронро дорад. 

Ҳодисаи монанд бо ҳайати Қирғизистон дар Варшава рух дод. Ҳайати Қирғизистон низ ҷаласаи мазкурро ба нишони эътироз тарк кард. 

Ҳоло Қирғизистон тасмим гирифтааст мақоми Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар ин кишвар тағйир бидиҳад. Ин иттилоъро намояндагии созмон дар шаҳри Бишкек низ тасдиқ кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон бо ирсоли як нота аз тасмимаш хабар дода, гуфтааст, сар аз 1 январи соли 2017 мақоми Маркази САҲА дар Бишкек ба Дафтари барномаҳои САҲА дар пойтахти ин кишвар тағйир хоҳад ёфт.

Дар нотаи ВКХ Қирғизистон гуфта шудааст, ки тадбири мазкур барои "беҳтар кардани шаклҳои ҳамкорӣ миёни Қирғизистон ва САҲА бар пояи ҳамдигарфаҳмию ҳамкориҳои зич ва муассиртару самараноктар гардонидани фаъолияти созмон дар ҷумҳурӣ андешида шудааст".

Лоиҳаи марбутаи шӯрои доимии САҲА дар фурсатҳои наздик ба ҳайати Қирғизистон дар Вена супорида мешавад. Аммо фарқ миёни мақоми пешинӣ ва ояндаи САҲА шарҳ дода нашудааст.

Ёдрас мешавем, 20 сентябри соли равон дар ҷаласаи солонаи Бюрои САҲА дар Варшава Қодирҷон Ботиров, мухолифи қирғиз, ки дар ватан ғоибона маҳкум ба зиндон шудаааст, зидди тағйири Қонунии асосии Қирғизистон суханронӣ карда, ҳамчунин норозигияшро аз фаъолияти ҳукуматдорон дар ин кишвар баён кард.

ВКХ Қирғизистон роҷеъ ба ин амал эътироз карда, хост, дастрасии Ботиров ба ҳама чорабиниҳои САҲА маҳдуд карда шавад. Ҷониби Бишкек ёдовар шуд, ки Ботиров ғоибона маҳкум ба зиндон шуда, дар кофтукоб қарор дорад.

Назарҳо

Яки бад санктсияхои аврупову амрико каторак шавад. рейтинги инвестициониро паст кунанд . IMF БЧ такя ба ин сармоягузорихои худро катъ кунанд. Боз рогун мемонад хамчун недостройка. Шотхои бонки ва сафари пулдорора хам бандан бад чикор мекунем. Шояд АвруАмерико хамин ниятро дорад? Атовулло дар Москов нишаста чи бадрафторихо мекунад. Барои хамин шуда бо Масков кахри кунем.
САХА кати шухи накунед. Дар паси он Иттиходи Аврупо ва ИМА истодаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?