Эҳтимоли холӣ мондани 6 ҳазор гектар замин дар Суғд

Дар вилояти Суғд зиёда аз 6 ҳазор гектар замин эҳтимол имсол холӣ монад.

Дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд мегӯяд,  дар ин вилоят ба 6 ҳазор гектар замин хавфи холӣ мондан таҳдид мекунад.

Манбаъ мегӯяд, заминҳои мазкур асосан дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Мастчоҳ, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва Спитамен мавҷуд аст.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар ҷаласаи корӣ вобаста ба кишти баҳорӣ ба роҳбарони ноҳияҳо гуфтааст, бо истифода аз боду ҳавои муосид ва мӯҳлатҳои муайян ин камбудии ҷойдоштаро бартараф намоянд.

“Дар рафти ҷаласа Раиси вилоят аз раисони як қатор шаҳру навоҳӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои корам, дастрасии муассисаҳои иҷтимоӣ ба ангишт, таъмини хонандагон ва  омӯзгорон бо сарулибоси ягона, иҷрои нақшаи даъват ва андоз пурсон гашта, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта онҳоро муваззаф намуд,-мегӯяд манбаъ.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин аз баланд шудани сатҳи намнокии заминҳои кишт нигаронӣ карда, масъулинро вазифадор кардааст, ки деҳқононро онҳоро бо заҳрдоруҳо таъмин созанд. “Зеро аз меъёр баланд шудани намнокӣ боиси пайдо шудани ҳаргуна ҳашароти зараррасон мегардад, ки ин ба ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Пешгирии таъсири малах, пашшаи харбуза ва ҳашароти зараррасони сабзавоту полезиҳо, аз ҷумла помидор ба манифати кор арзёбӣ гардид.”

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?