Эҳтимоли лағви парвози ҳавопаймоҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Эҳтимол меравад аз 8-уми ноябри соли равон Русия ба таври якҷониба парвози ҳавопаймоҳояшро ба Тоҷикистон лағв кунад.  Ин тасмим ба он далел гирифта шудааст, ки Душанбе хоҳиши онро надоштааст, ки парвози тайёраҳои Русияро ба кишвар аз майдони ҳавоии наздимаскавии Жуковский ҳамоҳанг кунад.

Дар ин бора рӯзи 3-уми ноябр нашрияи машҳури “КоммерсандЪ” иттилоъ дод. Ин нашрия истинодан ба манбаъҳои худ дар Вазорати нақлиёти Русия навиштааст, ки моҳи августи соли равон “Росавиатсия” парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковскийро ба Душанбе ва Хуҷанд иҷозат дод.

Аммо бино ба навиштаи манбаъ Ҳукумати Тоҷикистон ба парвозҳои якҷониба аз Русия бо афзудани шумораи онҳо афзалият донистааст. Аз сӯйи дигар Душанбе ин фурудгоҳро ҳам қатори Шереметово, Домодедово ва Внуково чорумин фурудгоҳи масковӣ медонад.

Дар ҳамин ҳол намояндаи вазорати нақлиёти Русия дар мусоҳиба бо “Коммерсант” гуфтааст, ки тибқи дастури ҳукумат танҳо фурудгоҳҳои байналмилалии Федералии Внуково, Домодедово ва Шереметово ба Маскав мутааллиқанд ва фурудгоҳи Жуковский фурудгоҳи наздимаскавии Раменск аст. Дар ҳамин иртибот “кӯшиши ҷониби Тоҷикистон барои муайян кардани мақоми фурудгоҳи Русия хилофи истиқлолияти ҳукумати Федератсияи Русия дар қаламрави худ мебошад”.

Ҳамзамон бо ин радди қабули ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Жуковский “нақзи мустақими муоҳадаи байнидавлатӣ дар бораи парвозҳост”. Аз сӯйи дигар вазорати ёдшуда ба ҳамкоронаш аз Душанбе маслиҳат додааст, ки мусофирони аслии ин хатсайрҳо муҳоҷирони кории Тоҷикистонанд, ки аз ҳисоби музди кори худ 48 дарсади Даромади нохолиси кишварро таъмин мекунанд.

 Дар сурати аз ҷониби ҳукумати Душанбе рад шудан ҷониби ФР “ба хотири ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия парвозҳо ба Тоҷикисонро лағв мекунад”. Маврид ба ёдоварист, ки фурудгоҳи Жуковский моҳи майи моли равон фаъол шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?