Эҳтимоли оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи бародари Бузургмеҳр Ёров

Бародари Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруф мегӯяд, эҳтимол мақомот алайҳи ӯ низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намоянд.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр дар суҳбат ба TojNews гуфт, моҳи октябри соли гузашта -ғайриқонунӣ комютерашро мақомот бурданд ва вақте ӯ ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД меравад ба ӯ мегӯянд, нисбати шумо 3 нафар шикоят кардааст.

-Моҳи январи соли ҷорӣ бинобар набудани таркиби ҷиноят парванда маҳкам шуд. Вале ман шубҳа дорам, ки шояд нисбати ман парвандаро дубора боз кунанд, зеро кормандони ВКД ва Прокуратура аз суҳбатҳои мо дар рафти мурофиаҳо розӣ нестанд. Ҳатто ба ман гуфтаанд ки шумо тафриқа меандозен миёни мардум ва шарт нест, ки  бо хабарнигорони хориҷӣ суҳбат кунед. Онҳо ба ман гуфтанд, ин гапҳоятон ҳама беҳуда аст. Бузургмеҳрро қабл аз боздошташ аввал огоҳ карда буданд, баъдан боздошт карданд. Яъне ман шубҳа дорам, ки ҳатман нисбати ман парванда боз мекунанд,-мегӯяд Ҷамшед Ёров.

Мурофиаи судии Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруф имрӯз дар Суди ноҳияи Фирдавсӣ идома мекунад. Дар назар буд, ки мурофиа соати 10:00 шуруъ шавад, аммо хабарнигори TojNews мегӯяд, бо гузашти 1,5 соат то ҳол мурофиа шуруъ нашудааст.  

Мурофиаи Бузургмеҳр Ёров, ки вакили дифоъи 13 тан аз боздоштшудагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи наҳзати исломӣ буд, кушод эълон шудааст. 

Бузургмеҳр Ёров, ки ба 18 ҳолати қаллобӣ муттаҳам мешавад, худро бегуноҳ ва парвандаро сиёсӣ медонад. Вай зимни баррасии парванда, ба камсалоҳиятии судя рӯирост ишора карда, бо либоси рамзии адвокатӣ ширкат 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?