Эълони амалиёти бозпасгирии "пойтахти Давлати исломӣ" дар Сурия

"Нерӯҳои демократии Сурия" амалиёти бозпасгирии шаҳри Раққаи Сурияро, ки маркази фармондеҳии гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба ҳисоб меравад, эълон карданд.

"Нерӯҳои демократии Сурия" - эътилофи низомии курдҳо, арабҳо ва дигарон аст.

Дар ин амалиёт наздики 30 ҳазор низомӣ ширкат мекунад. Нерӯҳои Туркия дар он ширкат намекунанд, аммо Амрико пуштибонии ҳавоӣ хоҳад расонид.

Шаҳри Раққа воқеъ дар шарқи Сурия аз соли 2014 ба ин сӯ дар ихтиёри "Давлати исломӣ" аст. ДИ ин шаҳрро "пойтахт"-и худ эълон кардааст. Миёнаҳои моҳи октябр нерӯҳои мухолифи Сурия бо кумаки артиши Туркия шаҳри Дабиқро аз ихтиёри ҷиҳодиён гирифтанд. Дар ҳоли ҳозир дар Ироқ амалиёти барқарорсозии ҳукумат дар шаҳри Мавсил идома дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?