Эълони исми вакили нави Маҷлиси намояндагон аз рӯйхати ҲХДТ

Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ваколати вакили нави Маҷлиси намояндагонро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КМИР, Фирӯза Шарифӣ мувофиқи рӯйхати дахлдори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун вакил вориди Порлумон мешавад.

Фирӯза Шарифӣ дар курсии вакилӣ ба ҷойи Пӯлод Муҳиддиниён хоҳад нишаст, ки ахиран бо фармони Президент, директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президент таъин гардида буд.

Фирӯза Шарифӣ, вакили нави Порлумони Тоҷикистон 6-уми  октябри соли 1973 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1995 факултаи филологияи тоҷик ва соли 2014 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз гардида, солҳои 1996-1999 таҳсилро дар шуъбаи рӯзонаи Аспирантураи ҳамин донишгоҳ идома додааст.

Минбаъд дар вазифаҳои гуногуну масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, мансабҳои роҳбарикунандаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон кор карда, ҳамзамон солҳои 2006-2013 раисии бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоятро низ ба уҳда доштааст.

Аз феврали соли 2013 то соли 2015 дар вазифаи мудири шӯъбаи кор бо занони КИМ ҲХДТ  кор карда, соли 2015 муовини аввали раҳбари нави “Созандагони Ватан”  интихоб шуда буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?