Эълони Рӯзи мотам дар Қирғизистон ба хотири ҳалокати 17 муҳоҷир

Имрӯз 29-уми август дар Қирғизистон Рӯзи мотам эълон шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Президенти Қирғизистон, Рӯзи мотами миллӣ ба хотири ҳалокати 17 шаҳрванди ин кишвар бар асари сӯхтор дар шаҳри Маскав мебошад.

Тибқи қарори Ҳукумати Қирғизистон, тамоми намояндагиҳои расмии ин кишвар дар хориҷ бояд парчами Қирғизистонро поин биоваранд.

Тавре қаблан хабар дода будем, бар асари сӯхтори шадид дар шаҳри Маскав 17 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Гуфта мешавад, ки аксари ҳалокшудагон шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Ин сӯхтори бесобиқа дар кӯчаи Алтуфевское, хонаи 5 рух додаст ва бино ба гузоришҳои аввалия кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия 12 нафарро аз ҳалокати эҳтимолӣ наҷот додаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст ва шаҳрдори Маскав Собянин гуфтааст, ки сабабҳои ин фоҷеаро дақиқ хоҳад кард.

Бино дар масоҳати 200 метр оташ гирифтааст ва барои хомӯш кардани алангаи оташ 30 техника ва ҳудудан 110 нафар ҷалб шудаанд. Аксар ва шояд ҳамаи қурбониён муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистон бошанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?