Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи Конситутсия табрик гуфт

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми телевизионӣ мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии 22-юмин солгарди қабули Конситутсия табрик намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ гуфт, “агар ба даст овар­дани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибис­тиқ­лола­мон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳоки­мияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид.”

-Дар Конститутсия таъмини соҳиб­их­­­тиёрӣ, истиқ­ло­­лият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.

Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устуво­рии ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Бо дарназардошти он, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд,-таъкид намуд Президент.

Эмомалӣ Раҳмон аз Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун Конситутсияе ном бурд, ки хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс­тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик­ инъикос ёфтаанд.

Ба қавли Президент, “мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолат­парвар мебошад.”

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?