Эътирози мардуми Бомиён аз вуруди Ашраф Ғанӣ ба ин вилоят

Расонаҳои мустақили хабарӣ дар Афғонистон мегӯянд садҳо тан аз сокинони Бомиён  ба нишони эътироз аз вуруди Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Райиси ҷумҳури Афғонистон ба маркази ин вилоят даст ба тазоҳурот заданд. 

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати ифтитоҳи чанд тарҳи иҷрошудани сохтмонӣ вориди ин минтақа шудааст. Яке аз муовинони сухангӯи ӯ Шоҳ Ҳусайни Муртазавӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки Райиси ҷумҳури Афғонистон майдони ҳавоии шаҳиди ваҳдати миллӣ Абуаълои Мазориро дар Бомиён ифтитоҳ кард.  

Ҳусайни Муртазавӣ ҳамчунин навиштааст, ки Ашраф Ғанӣ дар мулоқоташ бо сокинони Бомиён гуфтааст, ки тарҳрезии бунёди роҳи Самангон-Бомиён ба поён расидааст ва он дар наздиктарин фурсат ба маблағи 200 миллион доллар сохта хоҳад шуд. Ин роҳ 180 километр масофаро дар бар хоҳад гирифт. 

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Сурур Дониш-муовини Райиси Ҷумҳур ва Муҳаммади Муҳаққиқ  муовини Райиси иҷроияи Афғонистон ва ҷамъе аз вузарои кобинааш вориди Бомиён шудааст. 

Манбаъҳои хабарӣ мегӯянд фаъолони ҷомеаи маданӣ ва аъзои Ҷунбиши рӯшноӣ даст ба эътироз зада ва дар чорроҳи аслии шаҳри Бомиён таҷаммуъ кардаанд. Онҳо аз он ки Бомиён аслан ба нерӯи барқ дастрасӣ надорад, даст ба эътироз задаанд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?