ЕВРО-2016: Бозии бидуни Роналдо ва ғалабаи Португалия

Дастаи мунтахаби футболи Португалия ғолиби Чемпионати Аврупо-2016 гардид.

Бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми Аврупо-2016 шоми якшанбе 10-уми июл дар варзишгоҳи “Стад де Франс”-и Порис байни дастаҳои мунтахаби футболи Фаронса ва Португалия баргузор гардид. Вақти асосии бозӣ бидуни натиҷа анҷом ёфт.

Дар дақиқаҳои иловагии бозӣ футболбози португалӣ Эдер соҳибони майдонро маҷбур кард, ки тӯбро аз дохили дарвоза бигиранд. Бо як голи Эдер акнун португалҳо бо Ҷоми Аврупо бо хона бармегарданд.

Сабқати ниҳоии ЕВРО-2016 чанд интрига дошт. Нахуст дар дақиқаи 19-ум капитани дастаи Португалия футболбози маъруф Криштиано Роналдо захм бардошт. Табибон ӯро барои муолиҷа аз майдон берун бурданд ва баъд аз 5 дақиқа Роналдо эълон дошт, ки бозиро давом дода наметавонад. Сармураббии дастаи Португалия ба ҷои Роналдо ба майдон Рикардо Куарежмаро баровард.

Дар бозии финалии Ҷоми Аврупо-2016 дастаи Фаронса бартарии зиёд дошт, чун онҳо намегузоштанд тўб аз назди дарвозаи португалҳо дуртар равад. Чанд зарбаи онҳо ба тахтачўби дарвоза бархӯрд. Гӯё қувваи фавқулоддае португалҳоро ҳимоя мекард, ки фаронсавиҳо натавонистанд дарвозаи Антон Лопешро рахна намоянд.

Чемпионати Аврупо оид ба футбол 10-уми июн шуруъ шуда, то 10-уми июл давом кард. Барои дарёфти ин ҷом 24 дастаи мунтахаби қораи Аврупо дар 6 гуруҳ бо ҳам сабқат карданд. Бозиҳо дар Порис, Сен-Ден, Лион, Марсел, Лилл, Бордо, Тулуз, Ницц, Сент-Этьен ва Лонс баргузор гардиданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?