Фаъолияти “Мададгори Мастчоҳ” қатъ карда шуд

Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти ташкилоти қарзии “Мададгори Мастчоҳ” хабар дод.

Аз БМТ ба TojNews иттилоъ доданд, ки бо қарори навбатии Раёсати ин ниҳод фаъолияти ташкилоти қарзии “Мададгори Мастчоҳ” бо сабаби муфлис шудан қатъ карда шуд.

“Мутобиқи қарори зикршуда иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 4 феврали соли 2013, таҳти №9 барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.”

Манбаъ мегӯяд, “ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти мазкур дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида ба суд пешниҳод карда мешавад.”

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?