Фармони барканории муовини раиси Бонки миллӣ дар Парлумон тасдиқ шуд

Парлумони Тоҷикистон имрӯз 5-уми октябр фармони Президентро дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Умед Латифов тасдиқ намуд.

Умед Латифов моҳи июли соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

То ба вазифаи муовини вазири молия таъйин шудани Латифов, дар ин вазифа Шавкат Соҳибов фаъолият дошт.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?