Фатвои Шӯрои уламо дар бораи истифода аз протеинҳо

Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки инсон барои фарбеҳ шудан аз доруҳо ва протеинҳо метавонад истифода барад.

28-уми март Шӯрои уламо дар сомонаи расмиаш ба суоли як корбар посух додааст. Корбаре бо номи Беҳрӯз пурсидааст, ки “Оё барои гирифтани вазн аз ҳар гуна доруҳо ва протеинҳо истифода бурдан дуруст аст ё на?”

Дар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон посух додаанд, ки “дар масъалаи мазкур шаҳрванд барои гирифтани вазн аз давоҳои мавҷуда метавонад истифода барад, ба шарте ки ба сохт ва таркиби давоҳо ошноӣ дошта бошад. Фуқаҳо масоили инсониро ба се қисм тақсим кардаанд ва ҳеҷ бадие  надорад: 1) Зарурат; 2) Ҳоҷат; 3)Таҳсин”.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Барои тез фарбех шудан, бехтарин чиз кунчола аст. Мисли букка мешави.
Е гап нест чура ба ин тавсияи додагит ))))
Калам Шурбои уламои Марказии ғиромии Тоҷикистон гуптааст, ки инсон барои фарбех шудан оби чавв бо каймок хар сахар хурда ишкам дамонда гардад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?