Фаврӣ: Ҳамсар ва писари Маҳмадалӣ Ҳайит ёфт шуданд

Ҳамсар ва писари собиқ муовини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит баъд аз бозпурсӣ дар Прокуратураи генералӣ озод шуда, ба хонаашон рафтаанд.

Дар ин бора як манбаъи муътамади Тоҷнюс, ки нахост номаш ифшо шавад, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ, Савринисо Ҷӯраева ва писараш Фирӯз дирӯз, тақрибан соати 12-и шаби 23 август  аз дари асосии бинои Прокуратураи генералӣ берун шудаанд.  Савринисо Ҷӯраева, ки дар парвандаи ҷиноии аъзои раёсати ҲНИТ ба сифати шоҳид мегузаштааст, дар доираи тафтишоти нав бо писараш бозпурсӣ шудааст. 

Ҳадафи тафтишоти нав маълум кардани омилони асосии фош шудани 90-саҳифа ҳукми Суди Олии Тоҷикистон оид ба қазия “Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТ” будааст, ки муҳри “махфӣ”доштааст.  
 Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз пеш дар сайти мутталлиқ ба мухолифини фирории тоҷик Паём нусхаи ҳукми Суди Олии Тоҷикистон иборат аз 90 саҳифа бо муҳри суд рӯи чоп омада буд. Ин ҳукми судӣ дар расонаҳои дохилии Тоҷикистон, бинобар манъ будани чопи ҳукмҳои парвандаҳои махфӣ эътирофшуда рӯи чоп наомадааст. 

Назарҳо

Дар Точикистон хама чизро бо пул харида мешавад. Аз чумла делои мухри махфи доштаро хам. "Пул булса, чангалга шурбо" гуптаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?