Файзинисо Воҳидова: Зани роҳбари ДОИШ сатр не, мини-юбка дорад

-Муаллима, шунидем, ки муҳоҷирати корӣ рафтаед. Ба куҷо? Оё  кор пайдо кардед?

- Бале, дуруст қайд кардед, ҳоло дар кишвари Чехия қарор дорам ва мақсад аз омаданам албатта муҳоҷирати кориcт. Бо "шарофати" Вазорати адлия, парлумони "касбӣ" ва бинобар қабул кардани тарҳи нави Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни зикргардида, баъди 30 соли собиқаи кориам маҷбур шудам рӯй ба ҳиҷрат оварам.

Аз сабаби он, ки баъди ворид намудани тағйирот ба ин қонун вокунишҳои назарӣ ва интиқодӣ намудам, ҷомеаи ҷаҳонӣ хабардор гардида, якчанд ширкатҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи дифои ҳуқуқи башар пешниҳод карданд, ки бо онҳо қарордоди меҳнатӣ бандем.  

Яъне, аз рӯйи тахассусам ба кор даъват намуданд. Аз байни онҳо ман "Маркази дифои ҳуқуқ ва рушди демократия", ки дар шаҳри Прог воқеъст интихоб намуда, зиёда аз як моҳ мешавад, ки фаъолият дорам. Дар ҳоли ҳозир марҳилаи аввал шиносоӣ бо фаъолияти Марказ гузашта истодааст. Ин Марказ ҳанӯз соли 1989 таъсис ёфта, дар дафтари асосиаш 500 нафар ва дар умум 2000 корманд дорад.

Дар тамоми ҷаҳон, дафтари корӣ дорад ва намояндаҳои кишварҳои зиёд кор мекунанд. Дар ин як муддати кутоҳ аз дафтари онҳо дар Австрия, Лаҳистон, Люксембург ва кишварҳои назди Балтик дидан кардем. Барномаи асосиаш "Инсон дар хатар" (Человек в беде) буда, тафовут аз дигар ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуки инсон дар он аст, ки Марказ ҳуқуқи ҳомиёни ҳуқуқи инсонро ҳимоя мекунад. Яъне, адвокатҳо, ҳуқуқшиносон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон агар ба мушкилот дучор шуда бошанд, мавриди таъқиб қарор гиранд, онҳо ройгон аз хизмати Марказ истифода мебаранд. Самти дигари фаъолияти Марказ ин расондани кумакҳои башардӯстона ба кишварҳои осебдида ва ё қашшоқ мебошад. Бо ин мақсад Марказ ҳатто дар Бирма ва кишварҳои Африко дафтар дорад. 
 Хуб, он ҷо то кай мемонед?

Ҳоло қатъӣ тасмим нагирифтаам, ки ин ҷо кор мекунам ва ё дигар минтақаро интихоб менамоям. Кор дар хориҷи кишвар бе донистани забони онҳо, урфу одат ва минталитет, бархурдор набудан аз қонунҳои амалкунандаи ин кишвар хеле мушкил аст. Бароям мисли имтиёз буд,  вакте вориди дафтари кори шудам, забони муошират русӣ буд, гуиё ман ба Маскав ва ё ягон минтақаи Руссия омада бошам, зеро ин ҷо намояндаҳои ҳамаи кишварҳои пасошуравӣ, Озорбойҷон, Гурҷистон, Молдова, Чеченистон ва ҳоказо, ба ғайр аз кишварҳои ОМ кору намояндагӣ мекунанд. Аслан намояндаҳои кишварҳои мушкили ҳуқуқӣ, иҷтимои, сиёсидошта мебошанд. Ҳоло машварат карда истодаем ва шояд дафтари Марказро дар ОМ боз намуда, дар Бишкек ва ё Алмато фаъолиятро ба роҳ монем ва агар ин пешниҳод амалӣ гардад, тасмими мо ин буд, ки дар дафтари ОМ кор кунам. 
 

-Ин ташкилот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ ё намоянда аз ин кишварҳо дорад?

Кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ надоранд, аммо аз Ӯзбекистон як нафар корманд аст. Вай 8 сол аст, ки дар Прог зиндагӣ мекунад ва дар ин Марказ ба наздикӣ ба кор омадааст ва равоншинос мебошад. Аслан бояд қайд кунам, ки Марказ равоншинос, ташхисгар, лабараторияи худро дорад, ки аз рӯи акс, навор ва сабт ташхис гузаронда, ҳатто ҳолатҳои ҷой доштани шиканҷаро муқаррар менамоянд ва хулосаи худро ба Кумитаи шиканҷаи СММ пешниҳод менамоянд.

Аз мушкилоти Тоҷикистон ҳам дур нашудаед, инро дар саҳифаатон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем...

- Бале,  ҳамеша аз ҳаводиси кишварамон дар ҷараёнам, зеро ҳамарӯза тариқи шабакаҳои интернет хабари расонаҳои ватанию хориҷиро мехонам ва албатта бетараф буда наметавонам. Аз ин рӯ фикру андешаҳоямро менависам. Тариқи василаҳои электронӣ мардум аз мушкилоти худ муроҷиат мекунанд ва то қадри имкон ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ мерасонам. 

Дар ин муддати начандон зиёд вазъи дохилии кишвар чӣ хеле, ки буҳронӣ буд, фикр мекунам ҳамон тавр боқӣ мондааст. Дар ин байн агар чанд ҳодисаҳои  манфӣ ва  мусбатро ба назар нагирем. Хабари пирӯзии варзишгари мо Дилшод Назаров дар бозихои олимпии Рио де Жанейро боиси хушҳолии кулли мардуми Тоҷикистон буд. Ҳамон шаб ва боз чанд рӯзи дигар баъди ғолибияти Дилшод шабакаҳои интернети фикр кардам метаркад. Боиси хушнуди, ифтихори миллат аст ва Дилшод бо пирӯзӣ ва талошаш миллатро дар як чанд сония муттаҳид кард, зеро эҳсос кардам, ки ҳатто мухолифони аршади ҳукумати Тоҷикистон аз дастгирию табрикоти раис ҷумҳур дастгирӣ  карданд. Ин шаҳодати он аст, ки миллати мо гарчанде дар самтҳои алоҳида, сиёсат, иҷтимоъ, ҳуқуқ , масоили кадрӣ бо ҳукумати кишвар ва роҳбари он дар ихтилоф бошанд ҳам, дар маҷмӯъ миллату ватани худро хеле дӯст медоранд ва аз тақдири Тоҷикистон бетараф нестанд. Дар қиболи ин ҳама боз ҳам хабари шиканҷа шудани чанд нафар шаҳрвандони мо дар зиндонҳо, фавти онҳо ва кушта шудани сарбози навбати дар қисми ҳарби хабари доғ буданд, ки боз ҳам Тоҷикистон  вирди забони расонаҳои хабарию созмонҳои дифои ҳуқуқи  башар гардиданд. 

-Аз шиканҷа дар зиндонҳову боздоштгоҳҳо бисёр ҳарф мезанед. Албатта ба шумо, ки вакили дифоъ будед, тӯли солҳои зиёд маълумтар аст, ба фикри шумо чӣ бояд кард, ки шиканҷа набошад?

- Бале, хабари бад шудани вазъи саломатии сардабири “Наҷот” нашрияи ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ Ҳикматулло Сайфуллозода, фаъолони ин ҳизб Маҳмадали Ҳайит, Раҳматуллои Раҷаб, фавти муйсафеди 74 -сола Қурбон Маннонов дар зиндон ва дар натиҷаи шиканҷа вафот кардани маҳбус Нозимҷон Ташрипов, ки дар гузашта аъзои  ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон буданд, аз расонаҳои хабарӣ хондам. Мутаассифона, то имрӯз дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳуқуқи маҳбусон поймол мегардад, ба касе махфӣ нест, ки дар таҷрибаи ҳуқуқии кишвар шиканҷа буд ва ҷой дорад. Гарчанде, аз тарафи мақомоти прокуратура ҳамасола даҳҳо парвандаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ боз шуда, масъулин ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, аммо то имрӯз ин падидаи номатлуб боқӣ монда, чораҳои андешидашуда кифоя нестанд ва на ҳамаи арзу шикоятҳо ба таври дахлдор санҷида мешаванд. Фикр мекунам мо як мақомоти мустақил надорем, ки аз ҳуқуқи инсон дар сатхи Ҳукумату давлат дифоъ намояд, ҳар як хабари шиканҷа фавран мавриди тафтиш қарор дода шавад. Ташкилотҳои ғайридавлатии ҳимояи ҳуқуқи инсон дастрасии озод ба зиндон надоранд. Мақомоти прокуратура ҳавсалаи санҷиши объективию холисонаро надорад, чунки дар мақомот муносибатҳои хешутаборӣ,   ё шиносоӣ, дӯсту рафиқ ва ҳамсабақ будани якдигар нақши асосиро мебозад. Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз ҳуқуқи инсон вазифаашро иҷро кардан хоҳад ҳам, наметавонад. Ба назар чунин мерасад, ки институти ваколатдори ҳуқуқи инсон барои ҳифзи ҳуқуқи мансабдорон- «чиновник»-ҳо ва барои  давлат созмон дода шудааст. Бубинед, ки дар нишастҳои сатҳи байналмиллалӣ дар масъалаҳои  ҳифзи ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, Ваколатдори ҳуқуқи инсони кишвари мо  ҳамеша дар ҳайати гуруҳи ҳукуматӣ қарор дорад ва аз номи давлат сухан мекунад. Ҳол он ки эшон бояд дар ҳайати ташкилотҳои ҷамъиятӣ қарор гирифта, аз ҳуқуқи шаҳрвандон дифоъ намояд. Аслан, аз рӯйи меъёри ҷаҳонӣ ваколатдори ҳуқуқ ин ниҳоди ҷамъиятӣ буда, бояд ҷомеаи шаҳрвандиро муаррифӣ кунад. Шояд Зариф Ализода бо назардошти он, ки  як умр чиновники давлатӣ буд ва барояш дифоъ намудани ҳуқуқи инсон қобили қабул набуда, аз ин рӯ аз  ҷомеаи шаҳрвандӣ канораҷӯи кунад. Вале дар як сол ҳамагӣ ду маротиба дидан кардани ӯ аз зиндон худ гувоҳӣ гуфтаҳои болост. Додгоҳ низ бо сабаби мустақил набудану пойбанди ҳокимияти иҷроия буданаш, ҳолати шиканҷа, ки судшаванда хабар медиҳад, ба таври дахлдор таваҷҷуҳ зоҳир намекунад. Аз ин рӯ, то масъулини ин ниҳодҳо интихобӣ нашаванд, аз байн бурдани шиканҷа ғайриимкон аст. 

Дар бораи парвандаи Бузургмеҳр Ёров чӣ назар доред?  

- Сарнавишти ҳамкасбам Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ягон вақт маро бетараф нагузоштааст ва бароям ин як даҳшат аст. Дар ягон давлати дунё ҳимоятгари ҳуқуқи инсонро бо чунин ангезаҳои сохтаю бемантиқ ҷавобгар намекунанд. Агар дар кишваре, ки 99 дарсади  аҳолиаш, ки ба ин шумора чиновникҳо, вазиру раису кабир, додситону додгустар, олимону зиёиён ҳам дохил мешаванд, даъвои мусалмонӣ доранду кадом як «гуруҳак»-и коршиносаш ояти Куръонро ифротию ангехтани кинаю адоватӣ динию мазҳабӣ ҳисоб мекунад, пас мантиқ куҷост? Дар давлати демократии ҳуқуқукбунёд шаҳрвандаш истеъфои райисҷумҳурро талаб кунад, даъвати оммави барои тағйир додани сохти конститутсионӣ маҳсуб ёбад, мантиқ куҷост? Адвокате, ки аз мизоҷ ҳақхизмат гирад, қаллобӣ ҳисоб ёбад, мантиқ куҷост? Давлате, ки ба қадри нухбагонаш намерасад, оқибати хуб надорад. Ҳоло дида истодаем, ки бо гузашти 40-50 сол он мардуми бегуноҳи режими Сталин, ки  қатл шуданд, сафед гардиданд. Солҳои 60- уми қарни 20 бо як мактуби Брежнев Раиси Шӯрои Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанберо ба ҳукми қатл ҷазо дода буданд, гарчанде дар Кодекси ҷиноятии ҳамон давр барои ҷинояти ришва ин ҷазо ҳукм пешбинӣ нашуда буд. Имрӯз марҳум сафед карда шудааст. Аз ин рӯ, бисер мехоҳам, ки бо гузашти чанд даҳсола масъулини МО низ шармандаю пушаймон нашаванд. 

Ҳоло дар бораи ин ки мақомот ба назорати шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо кардаанд, иттилоъ дода мешавад. Оё дар таҷрибаи корӣ инро дидаед? Оё ин усусли дуруст аст? 

- Аслан, ин амали мақомоти амниятӣ барои пешгирии ҷиноят ва ошкор кардани гуруҳҳои террористӣ ва иттиҳоди ҷиноятӣ қобили қабул аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти ҷустуҷуйи  фаврӣ" низ корҳои профилактикӣ, пешгирии ҷиноят ва барои ин гузарондани амалиётҳои фаврӣ- ҷустуҷӯйро пешбинӣ намудааст. Имрӯз мебинем, ки дар замони глобализатсия ( ҷахонишавӣ) тараққиёт ва пешравии ҷомеа шабакаҳои интернетӣ як василаи ташкилу тартиботи баъзе гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ гардидаанд. Воқеан шомил гардидани ҷавонон ба гуруҳу созмонҳои иртиҷоӣ ва хатари ДИИШ яке аз мушкилоти на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳон гардидааст. Имрӯз бо истифода аз интернет мардумро гумроҳ карда, ба Сурия ва дигар кишварҳои араб бурда, фирефтаи гуруҳҳои террористӣ  мекунанд. Онҳо дар он ҷоҳо ҳатто ба ҳалокат мерасанд. Аз ин лиҳоз, амали мақомоти амният ягон хатаре надорад. Вале, агар ин амалҳо бо роҳи сохта ва сунъӣ сурат бигирад, пас басо амалӣ номардона ва нобахшиданист. Мо аллакай дар таҷриба дидем, ки саҳфаи шахсии истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимои Фейсбук ва “майл.ру”ро  шикаста кӯшиши бо ҳаргуна васила беобрӯ кардану, хабарҳои бардурӯғ навиштанро карданд.

Кумитаи кор бо занон гуфт, ки садҳо зани тоҷик дар Ироқу Сурия қарор доранд, оё ба ин рақамҳо бовар кардан мумкин аст?

- Баъзе аз занҳо бо «фармон»-и шавҳарон  роҳи Сурияро пеш гирифтаанд ва зери таъсири хуруфот ва фармонбардории  шавҳар дидаю дониста, ҷони худро зери хатар монда, гӯиё бо мақсади ҷиҳод ба Сурияву Ироқ рафтанду мераванд. Маълум, ки дар ин кишварҳои араб мусалмон мусалмонро ба қатл мерасонад. Ин чӣ ҷиҳод аст? Ин қатлу куштор, террор мебошад. Аммо, Кумитаи кор бо занон ҷиҳати пешгирии  ин амалҳои бемантиқ чӣ кореро анҷом додаанд? Танҳо ҷамъ кардани омор. Чанд адад оилаҳо аз кадом минтақа ба кишварҳои арабӣ пайвастанд. Яъне, баъди аз Ватан баромада рафтан, дигар гуфтани омор  нафъ надорад. Бояд то рафтани онҳо пешгирӣ карда шавад. Кумита  ҳар ҳафта дар бораи теъдоди  фоҳишаҳоямон, занони сатрпӯши «ошкор» шуда ва ба қайд гирифта иттилоъ медиҳад. Гӯиё, ки кашидани сатри занҳо онҳоро аз сафар ба Сурия бозмедорад. Баръакс нафрати онҳо нисбат ба ҳукумату мақомот бедор намуда,  роҳи гурезро мекобанд ва ин роҳро дар Сурияву Ироқ мебинанд. Магар зани нимурёну мини-юбкапӯш хатар надорад? Сатрпӯшхо терористанд? Ҳамсари Абубакри Бағдоди террористи рақами 1, сардори ДИИШ сатр надорад, мини- юбка мепӯшад. Агар ҳадаф аз манъи  сатр пешгирӣ аз либоси гуруҳҳои террористист пас бояд миниюпка, ки монанди либоси ҳамсари Бағдодист манъ шавад. Ман-ку ҳар ду фарҳангро эҳтиром дорам. Ё ин, ки ҳар сол  садҳо нафар зан худкушӣ мекунанд. Баъди ҳодиса ба тафтиши қазияи худкушӣ, шароити зисту муҳит ва буду боши ҷабрдида оғоз мекунанд. Чаро то худкӯшӣ аз мушкили ин зан огаҳӣ наёфтанд? Ҳоло кор тақрибан дар ҳамаи вазорату кумитаҳо чунин ба роҳ монда шудааст, яъне омор ҷамъ кардану онро пешкаши расонаҳои хабарӣ намудан. Дар чунин ҳолат ҳеҷ  гоҳ вазъ беҳбудӣ намеёбад.  

Суҳбати Меҳрафзуни АБДУЛЛО 
Бознашр аз ҳафтаномаи "Нигоҳ" №21(504), аз 24-уми августи соли 2016

Назарҳо

Ин Файзиниссо одам нашуд. факат даханаша калон мекушояду гапи холи гап мезанад. якбор яккасба кумак ройгон кардаги неву дигархоро гап мезанад. Аз ту чи манфиат барои миллату давлат расидааст, ки хукуматаву кумитаи занора эрод мегири. Харзагуй!!!
Вакте олиму одам назди ту барин ахмакхо эътибор надорад, зистан миёни рамаи гусфандон чи фоида!?
Ин хукукшинос бояд хар сухане гуяд касби бошад. Оё Чеченистон хам кишвар ба хисоб меравад, махсусан кишвари собик шурави? Пеш аз як гуфтан аввал каме фикру мулохиза даркор. Ин созмоне, ки номгир шудааст яке аз сохторхое мебошад, ки аз чониби кишвархои маълум маблаггузори карда шуда барои танкиди беасос ва яктарафаи кишвархои дигар равона карда шудааст. Хукуки инсонро бояд аввал дар худи кишвархои Гарб ва ба ном демократи хуб омухта хулоса намудан лозим.
Тахлили хуб.
Ин давлата занхояш кудакаш хама ба мухочирати мехнати меравад, олимаш дар стройкаи Россия кор кунад, муаалиму духтурашш фаррошу дворники кунад акнун навбати хукукшиносу адвокат омад. Э Худое ин чи хел рузу замон?
Адолат ту ягон хел адолат нести ту кадом лаганбардори Кумитаи занхои, ту як усталшини як бор сарата байни мардуми одди халон бад мебини ман лично доим ба ин зан мурочиат мекунам аз ФБ маслихат мндихад ту боши дар умрат худат ягон кас кумак карди?
Чеченистон кишвари автономии Россия мебошад. Як кишвари алохида, Чумхурии Чеченистон мебошад. Танкид кардан асоси надорад. Хеле тахлили хуб.
12 милион долларда аз Америка техника мошин воени частода дод гирифтеншаку а чида аку и малимая гапуша нотугирда мебуроренша а худтон мегренку значит хамичадаям и аблахаки фейко коршона менан
Ин бадбахтия бен ки дар як Точикистони 8 миллиона барои як зан кор ефт нашуд ки ба мухочирати мехнати равад? Муред шармандахо шумо кадрхоои хубро кадрдони накунед дар хорича истифода мебаранд аз илму дониши кадрхоои мо, хуб кардастт рафтаст бигзор обруи дигар давлата бардорад.
Дар хакикат муллочиринги Америка нагзку. Давлат аз хисоби гарбу Аврупо миллион миллион пул мегирад, хамаш хомуш. Агар як рушанфикр чизе нависад е ба сафари хоричи равад, уро мутаххам мекунанд, ки агент аст, маблагузори шудааст. Пешбини аз навиштани чунин ткхматхо аввал бояд шахс гиребони худашро буй кунад, ки мабодо буйи гадои намеомада бошад. Рахмат ба Вохидова Файзинисо хеле сухбати пурмаъно.
Э апаи азиз, хамин хел идеяхоро медихед, ки кадом руз бе ягон либос урён мемонем. Илтимос!

Шояд шумо суол ё назаре доред?