Филми "Коса" соҳиби боз як ҷоиза гардид

Ду филми таҳиякардаи киностудияи “Суғдсинамо” дар ҷашнвораи байналмилалии “Навсоз” соҳиби ҷоиза шуданд.

Бино ба иттилои Дилошуб Орифзода, як масъули “Суғдсинамо”, филми кӯтоҳи "Коса" ҷоизаи филми беҳтаринро дар байни филмҳои кӯтоҳ ва филми ҳуҷҷатии "Духтари Сайҳун" дар байни 30 филми дар ҷашнвора иштироккунанда Шоҳҷоизаро соҳиб шуданд.

Ин ду филм яке аз аввалин филмҳои Муассисаи давлатии "Суғдсинамо" буда, соли 2015-2016 сабт шудаанд.

Ҷашнвораи байналмилаии "Навсоз" аз санаи 16 то 20 сентябр дар шаҳри Душанбе бо доварии мутахассисони синамо доир гардид.

Филми кутоҳҳаҷми “Коса”-и коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддини Музаффар қаблан ба ҷашнвораи байналмилалии “ОСА IF-2016” (Open Central Asia) даъват шуда буд.

Дар оғози моҳи сентябр филми “Коса” дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонӣ намоиш дода шуд.

Филми “Коса” аз нахустин филмҳои “Суғдсинамо” буда, соли 2015 пешниҳоди тамошобинон гардид. Он аз 25 дақиқа иборат буда, дар бораи оилаву оиладорӣ ва муқаддасоти он, эҳтироми падар ва гардиши фалак қисса мекунад. Ба гуфтаи коргардони филм, он дар асоси ривоятҳои халқӣ таҳия гашта, нақшҳои асосиро дар он Ислом Саломов ва Сайёда Турсунова иҷро кардаанд.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?