Фирдавс Қосим: Имкон надошт, ки ба ин мактаб, ба ин шеваи зиндагӣ ошиқ нашавам...

Фирдавси Қосим

Фирдавси Қосим 29 сол дорад ва ҳарчанд тахассуси Донишгоҳи политехникиро соҳиб аст ва ҳоло донишҷӯйи курси чоруми Донишгоҳи ҳунарҳои зебо дар бахши коргардонист, ӯ мактаби театри падарро тайи даҳ соли ахири фаъолияташ дар театри «Аҳорун» омӯхтааст.

То ҳоло дар намоишномаҳои дубора ба саҳна гузоштаи падараш нақшҳои аслии Яъқуб ва Юсуф дар намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" ва нақши Фаридунро дар намоиши "Шоҳ Фаридун" иҷро кардааст. Ба ҷуз ин дар наврасӣ дар намоишҳои "Даҷҷол", "Чунин гуфт Аҳуромаздо" ва "Қиссаи ишқ"- и падараш нақшҳои кӯчакро офаридааст.

Инак, чанд сухан аз каломи ӯ дар бораи падар ва театри ӯ “Аҳорун”:

  "Ончи ман то имрӯз дарёфтам, мактаби театри Фаррухи Қосим, театри “«Аҳорун»” ин худ як шеваи зиндагист. Зиндагӣ дар дунёе, ки водиҳои он пандҳои ахлоқи инсонӣ аз адабиёти ҷаҳон ва хусусан аз адабиёти шарқӣ саршор аз ғизои маънавист. Шеваи зиндагие, ки пайваста ҷӯё ва пӯё бошем, то омӯзем, то аз таърих ва адабиёт худ панд гирем, яъне ин сабки зиндагии ҳар як ҳунарманд дар ин мактаб бояд бошад.

Дар бораи Фаррухи Қосим ё театри «Аҳорун» гуфтан ҳам осон аст ва ҳам мушкил. Мушкил он вақт аст, ки дарк мекунӣ чӣ қадар ин мактаб бузург аст, яъне танҳо мактаби театр нест, балки мактаби зиндагист, баргирифта аз фалсафаи бузургони гузашта ва он вақт худро оҷиз медонӣ барои ҳарф гуфтан дар ин мавзӯъ, чун фаннест бекарон.

Каноре надорад дилу ҷони мо,

Қароре надорад биёбони мо.

Ҷаҳон дар ҷахон нақшу сурат гирифт,

Кадом аст аз инҳо они мо?

Ин байти Мавлоно шояд фикри маро дар бобати шеваи мактаби «Аҳорун» беҳтар шарҳ медиҳад.

Бо ҳар мисрае аз шеър, ки нав таҳлил мекунем ва меомӯзем ва ба дарки эҳсосоти ноб ва асил мерасем, лаззати кор дар ин мактаб бештару бештар мешавад. Имкон надошт, ки ман ба ин мактаб ва ба ин шеваи зиндагӣ ошиқ нашавам. Ман як ошиқам ва бештар аз ин бароям тасвири мактаби «Аҳорун» сахт аст. Мактаби «Аҳорун» ошиқон мезояд, ошиқони адаб ва андешаву арзишҳои воло, ки дар таъриху адабиётамон ҷой доранд. Рисолаташ ҳам қисмат кардани ин ишқ бо тамошобин, то тамошобин аз даричаи ин ишқ худро бинанд ва ӯ худро ҷӯё шаванд.  

Яке аз пандҳои зиёде, ки падарам ва мактаби ӯ ба мо ва тамошобинон медиҳад, бо ин абёти Мавлоно хуб ифода мешавад:

Он дил, ки гумшудааст ҳам аз ҷони хеш ҷӯ,

Ороми ҷони хеш зи ҷонони хеш ҷӯ.

Аз тахти тан бурун шаву бар тахти ҷон нишин,

Аз осмон гузар куну кайвони хеш ҷӯ.

Нақлест аз Расул, ки мардум маъодинанд,

Пас нақди хешро ту ҳам аз кони хеш ҷӯ.

Эй он ки мондаӣ ту дар аввал қадам ҳанӯз,

Аз аввалин гузар куну поёни хеш ҷӯ.

Барқе, ки бар дил омаду дил беқарор шуд,

Он барқро дар ашк чӯ борони хеш ҷӯ.

Мақсуди ҳарду оламу матлуби рӯзгор,

Аз ину он маҷуву ҳам аз ҷони хеш ҷӯ."

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?