Фонди Оғохон боз 60 %-и саҳмияҳои Тселл-ро мехарад

Ширкати Telia, ки 60 % -и Тселлро дар ихтиёр дошт, саҳмияи худро ба Фонди Оғохон мефурӯшад. 

Дар ин бора ба Тоҷнюс аз ширкати Тселл хабар доданд.

 Бинобар гуфтаи масуълини ин ширкат, "ширкати Telia розӣ шуд, ки созишномаи фурӯши 60% саҳмияи худро дар ширкати холдингии “Central Asian Telecommunications Development B.V.” (CATD B.V.), ки соҳиби ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (бренди Tcell) мебошад, бо Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ба имзо расонад.

 Айни замон, AKFED 40% саҳмияи “Central Asian Telecommunications Development B.V.” доро буда, саҳмиядори аққалиятӣ ба ҳисоб меравад. Харидуфурӯш, ки бояд аз ҷониби мақомоти танзимкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шавад, тибқи  нақша охири соли 2016 ба анҷом расонида мешавад". 
 Дар Тселл ҳамчунин  аз номи менеҷменти Telia ин гуфтаро оварданд: «Фурӯши саҳмияамон дар ширкати Tcell бо мақсади мо оиди қоҳиш додани ҳузури худ дар бозори Евразия ва диққати худро бештар ба бозори Аврупо ва кишварҳои Нордик равона сохтан, мувофиқат менамояд. AKFED аз замони таъсиси ширкати Tcell саҳмиядори муҳим ба ҳисоб меравад ва ман бовар дорам, ки AKFED ин ширкатро дар оянда боз ҳам муваффақтар мегардонад.” – мегӯяд Йохан Деннелинд, президент ва директори генералии ширкати Telia.

Нархи фурӯш дар асоси арзиши ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ки 66 миллион доллари ИМА‑ро ташкил медиҳад, аз он 60% саҳмия, яъне 39 миллион доллари ИМА ба ширкати Telia тааълуқ дорад, ҳисоб карда шудааст. Нархи мувофиқашудаи фурӯш тақрибан ба мултипликатори чор маротибагии EV/EBITDA ширкати Tcell аз рӯи ҳисоботҳои соли 2015, ки бо қурби асъори чорӣ аз нав ҳисоб карда шудааст, мувофиқат менамояд. 

Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) як қисми Шабакаи Оғохон оид ба Рушд ба ҳисоб рафта, бо мақсади дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳавасманд гардонидани бахши хусусӣ баҳри сохтани сармоя барои сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои рушди устувор, бо мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ҳамкорӣменамояд.  AKFED сармоягузори боэътимод буда, дар минтақа портфолиои васеи сармоягузориро доро мебошад. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?