“Фурӯхтани асъори хориҷӣ барои ҳифзи қурби сомонӣ роҳи ҳал нест” (хулосаи матбуот)

Афтиши қурби пули миллӣ ва болоравии доллар, оқибатҳои фоҷеабори буҳрони молиявӣ барои Тоҷикистон аз мавзӯҳои аслие матбуот дар ҳафтаи равон будаанд.

Нашрияи “Озодагон” (№33 (389), 26 августи соли 2015) дар мақолаи “Пункты обмана”  менависад, ки саррофон дар Тоҷикистон пеш аз буҳрон аз фурӯхтани доллар ба муштариён ҳамагӣ 2-3 сомонӣ фоида мегирифтанд. Ҳоло фарқи 652 ва 690 сомониро дигар худатон ҳисоб кунед. Ин ба кадом меъёр дуруст мегирад?

Нашрияи дигар “СССР” (№34 (363), 27 августи соли 2015) омилҳои болоравии қурби доллари ИМА дар Тоҷикистонро ин гуна ба риштаи таҳлил кашидааст: “вазъи ноустувори бозорҳои ҷаҳонии нафту асъор ва раванди пастравии қурби асъорҳои миллии аксар давлатҳои дунё нисбати доллари ИМА, хусусан қурби русбли русӣ ва тангаи қазоқӣ. Ин нашрия истинодан ба манбаъҳои Бонки миллӣ гуфтааст, ки қурби сомонӣ муътадил мемонад ва як сабаби дилгармии бештар ба ин интизориҳо аз Чин аст, ки  бо маблағи қарзӣ бозори арзи Тоҷикистонро ба эътидол меорад”.

Ҳафтаномаи русии “Азия-плюс” (№66 (1049), 24 августи соли 2015) афтиши пули миллиро дар мақолаи “Свободное падание” ба чолиш кашидааст ва муаллиф суол мегузорад, ки оё сомонии тоҷикӣ боз ҳам жарфтар фуруъ меравад? Нашрия суханони Георгий Кошлаковро ёдоварӣ мекунад, ки соли 2006 дар мавриди номуносибии арзиши сомонӣ ҳарф зада гуфтааст, ки арзишбандии сомонии мо мутобиқ ба воқеъият нест ва вақти он расидааст, ки баробарвазнии он таъмин карда шавад. “Бахши азими даромади аҳолӣ аз интиқоли пул аз Русия вобаста аст. Табодули доллар ва ё рубли русӣ ба сомонӣ тибқи курс ба воқеъият мувофиқ нест, он хеле баланд карда шудааст.  Аз пастии қурби доллар ҳам соҳибкор ва ҳам содиркунанда зарар мебинанд”.  Иқтисодшинос Баҳром Шарипов низ чун Кошлаков гуфтааст, ки Тоҷикистон барои баробар кардани қурби пули миллиаш ба воқеъият ҳамоно дер мекунад. “Албатта, сомонӣ дар муносибат бо доллар боз ҳам беқадртар мешавад, ин як тамоил барои ҳама асъори олам аст. Бонки миллии мо ба умеди  таконҳои иҷтимоӣ бозори арзро танзим мекунад ва то ҳадде ин ба онҳо муяссар мешавад. Кишварҳое чун Қазоқистон бо иқтисоди қавии худ метавонанд қурби асъорро болову поён баранд ва дар натиҷа онҳо самараи хуби иқтисодӣ ба даст меоранд, вале мо-ку Қазоқистон нестем”.

Дар матлаби дигар ин нашрия навиштааст, ки Бонки миллӣ мехоҳад аз ҳисоби қарзи Чин бозори арзро зери назорат ва қурби пули миллиро нигоҳ дорад. Ин дар ҳолест, ки Константин Бондаренко, Директори маркази бозори озоди Тоҷикистон дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№34 (1128), 27 августи соли 2015) гуфтааст, ки ин роҳи ҳалл нест. “Мо ҳоло  дар Тоҷикистон қурби озоди шинокунанда надорем. Лекин хоҳем нахоҳем баъди чанд вақт мо таҳти таъсири ин тағйирот  дар бозори асъор мемонем. Фурӯхтани асъори хориҷӣ барои ҳифзи қурби сомонӣ аз сӯйи Бонки миллӣ роҳи ҳал нест”. “Тоҷикистон” ҳамчунин навиштааст, ки аз беқурбии рубл волидони тоҷик наметавонанд лавозимоти мактабии фарзандонашонро харанд. 

Ва дар ҳошияи болоравии қурби доллару коҳиши пули миллӣ ҳукумат ҳам тасмим гирифт чораҳое андешад, аз ҷумла аз вазорату идораҳо талаб кардааст, ки буҷаро сарфакорона истифода кунанд. Абдуҳалим Ғаффоров дар “Озодагон” гуфтааст, ки “шарт нест паси мизу курсиҳои гаронарзиш нишаста кор кунем. Корро болои курсии оддӣ ҳам нишаста карда мешавад. Таҳлилгар Зафар Абдуллоев ин иқдломро чораи зиддибуҳронӣ намедонад ва ягона роҳро дар таҳкиму рушди соҳибкории хурд мебинад.

Дар ҳамин ҳол, нависандаи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров дар суҳбат бо “Тоҷикистон” (№34 (1128), 27 августи соли 2015)гуфтааст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон барояш хона дод, аммо ӯро дар қайди он хона намемонанд. Президент барояш шаҳрвандии Тоҷикистонро низ додааст, 3 ҳазор сомонӣ стипендия ҷудо кардааст, вале то ҳол нагирифтааст, намедонад мегирад ё не. “Китобҳоям пайваста чоп мешаванд, ба ман ганорар нею китоб медиҳанд. Ман-ку дар ин синну сол бозор китобамро фурӯхтанӣ намеравам. Як ҷӯгӣ маро фол дида гуфта буд, ки дар пирӣ инсони шинохта мешаваӣ, аммо камбағал. Ман ҳоло дар пояи аз ҳама камбағалтарин тоҷик мезиям. Ҳеч даромад надорам...”

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Также читайте этот полезный инфо http://life.ansor.info/kurs-somony-k-dollaru/

Шояд шумо суол ё назаре доред?