Ғафурӣ: Ҷонибек Муродовро барои таҳқири эътиқодам ба додгоҳ мекашам (ВИДЕО)

Баҳроми Ғафурӣ, овозхони шинохтаи попи тоҷик тасмим гирифтааст дӯст ва ҳампешаи маъруфаш Ҷонибек Муродовро барои таҳқир ва паст задани эътиқодаш ба додгоҳ кашад. 

Ғафурӣ мегӯяд, Ҷонибек Муродов дар ғайби ӯ, дар ҳузури дӯстонаш намозхонии ӯро ба масхара кашидааст, дар ҳоле, ки дурӯғ мегӯяд.

"Ман боре ҳам бо Ҷонибек Муродов дар сафар намоз нахондаам, вай рӯйирост дурӯғ мегӯяд, ки гӯё бо ман намози қаср хонда бошаду ман намозро имоматӣ кардаам ва ҳама бо нишони эътироз ба тарзи намозхонии ман, маро аз сафи пеш канор рондаанд ва намозро аз сари нав шуруъ карда бошанд. 

Шояд ин шӯхӣ бошад, аммо намоз ки кори шӯхӣ нест ва ман инро таҳқири эътиқодам меҳисобам. Агар дар мавриди чизи дигаре ҳазл мекард, қабул доштам. Ман бисёр фикр кардам, ҳоло тасмим дорам ба додгоҳ муроҷиат кунам. Бигзор барои таҳқираш, барои дурӯғу туҳматаш пӯзиш хоҳад.

Аз додгоҳ ҳам ҳаминро тақозо хоҳам кард, ки расман ва ба тарзи оммавӣ узрхоҳӣ кунад. То ҳама бинанд ва донанд, ки ин як туҳмат буд. Чунки ин масхараи Ҷонибек Муродовро, ки дар он эътиқоду эътибори банда паст зада шудааст, тамоми дунё дидааст. Ин наворро ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар "Одноклассники" ва "Ютюб" паҳн кардаанд. Чанд нафаре, ки он наворро дидаанд, ба ман дар ин бора гуфтанд", - мегӯяд овозхон.

Бино ба гуфтаи Ғафурӣ, вай чанд бор ба Ҷонибек Муродов, ки дар Тоҷикистон ҳузур надорад, барои изҳори назараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мактуб кардааст, аммо то ҳол ба навиштаҳояш посух нагирифтааст. 

 

 

 

  

Назарҳо

Дарвоеъ Бахром Гафури рост мегуянд агар дар масоили дигар мебуд бахшидани буд ва ба таври шухи пазируфта мешуд аммо ин намоз аст ва намозро чунин таъкир кардан аз руйи одоб нест ва ба чунин инсон намезебад то ин дарача фикр намекардам ки ин гунна инсон аст Чонибек фикр мекардам эхтироми хоссае дорад ба дустонаш аммо афсус сад афсус бояд Чонибек узрхохи кунад ва ман низ бисёр хохиш мекардам ки хуб дида барояд додгох ва ба васоити ахбори омма бигузор бигуянд ки ин гунна инсонхое хастанд, ки то хатто аз фазилатхои ислом хабаре надоранд
аз пушти Шабнам одам шудию бо гап мезани ту баринхоро АЛФОНС мегуянд
Бахромчон гам нахур Чонибек ба гуфти мардак харчи мехохад гуфтан мегирад
Ма нафахмидам ки намози каср мехондиян е таробех барои ки аввал каср мега бад мега ки таробех як хандахариши халки. Шабнам номи туро баровард акун имруз ту гап зан шидию..
Ман нафахмидам ин намози каср боз чи хели намоз ?.Намози АСР будагист.
Бародар - пеш аз он ки ягон коментария нависи, бехтар мешуд аз ягон нафари диндор савол мекарди. Намози каср ин намози дар сафар аст на ин ки намози Аср. Хангоми сафар гузоштани намози Каср суннат аст.
Инхо санаткор не "артис"
Хамин худаш як майнушу майзада аст, чаро боз Худоро фиреб карда худашро намозхон мегирад? хайфи дини Ислом.....
вот такое время...
Ин Чонибек кизикчи будааст ку. Хеле хандидам.
Баҳром бисер фикри хуб. Шахс бояд ба озодии виҷдон ва эътиқод даст назанад. Ин алббата таҳқир аст.
...........
Бахром афгонхоро ба додгох мекашид, навбати точикхо расид))))
Ту хап кун мон кашиданро гира
Дар ҳақиқат ин таъқири руӣрост аст. Касе , ки бо фарзҳои Худо даст мезанад Худованд ӯро дар ин дунё ва охират рӯёсиёҳ мегардонад иншаоллоҳ. Намоз ин фарзи Худованд ба сӯи бандагон аст, тӯшаи инсон барои охират аст. ҷонибек бояд назди Худованд тавба намуда, аз Баҳром узр пурсад.
Фокус Покус -Артииист проста
росташро гуям, аз Ҷонибек ин хел шихиро чашмдор набудам. аз Баҳром узр мепурсад ё не, кори худаш, аммо бояд тавба кунад...
ХАМИРА НАМЕШУД КИ ХАРДУЯТОН ХАЛ МЕКАРДЕД ШАРТ НАБУД КИ ДАР РАСОНАХОВУ МАЧАЛАХО ЭЛОН КУНЕД ХОЛО КУМИТАИ ДИН ФАХМА САЛАФИ ГУФТА МЕБАРАТ МАХКАМ МЕКУНАТА
Ин як намуди ПИАР
Ха хаха неке рост гуфти хахаха
Чи бадбахтие, хатто сарояндагони мо хам динзадаву хурофоти шудаанд. Наход кори дигаре надошта бошед. Агар ба исломи тахмили бовар доред, чаро сарояндаги мекунед? О ин дуруяги ё худ мунофики аст, ки дар шариат мунофик аз кофар бадтар аст.
Вактхои охир Бахром хама хофизхоро ба додгох кашидост.
Хубшон мекна кори ту чи
Аз моли чахон мазор дорад точик, Девонаи бешумор дорад точик. Ин хамааш ... будиян ку, ... на диндоратро фарк асту на хофизатро хаммат ...
Хами одами сиёмка кадаги як чангандоз бдай
Ма да чои Гафури мебдум ...
меган Шабнам Чонибека одам кардай Хахаха и хами Чонибек буд ки Шабнамтона гирд гирди чахон гардонда машхурш кард, нмешид Шабнам худш рава. Хай хардушон дусту бародаран, шухи кардай ростай дуругай бояд байни худшон хал кунан. Шахсан акаи Бахрома мешиносм, бисёр инсони заминияй, шерррри нарррай!!!! Иншааллох мардакишкати халш мекна.
Хамном мебахши фикр мекардам хеле шахси "серьезно" хасти лекин кам кам беакл хам будаи!
Бахром ахмият нате Чонибек як одами паст аз кафои Шабнам обру гирифт....агане одами халол гуш намекунад )))))
Jonibek bgi hamu odami siyonka kadagira...
Аввал ин ки мусики дар ислом харомаст. Ва сароянда дар ва навозандаи мусики ва касе,ки мусикиро мехараду халоват мебарад дар мазхаби ахноф кофараш мехисобанд. Баъд ин ки Умари Форук разиалЛахум мегуяд: мард мард хисоб намешавад он даме,ки месарояду мераксад!
Du-se sol boz mehohi bo sudkashiho sude daryobi, vale nakshahot ba hamin asr nahurda istodast. Avval Vali bud, bad boz du taronahoni afgon, holo Jonibek .
Хай дар сари кайф як шухи кардай...
Бахромчон бехтарин кор мкекуни. Зеро дифоъ аз акида ин мукаддассот аст, бад рост мегуи, шариат чои шухию нагма нест,
Чонибек кори хуб накарди..
Адабгохи мухаббат нозу шухи бар намедорад! Бахром сад дар сад хакки намоз чойи шухи нест!
Шахсан Бахроми Гафуриро намешиносам. Лекин иттифокат дар иди Шарифи Рамазон дар хонаи дусте нишаста будем, ки Бахроми Гафури бо ду рафикаш низ ба хамон хона даромаданд. Бовар кунед хеч бовари надоштам ки Бахром бо як овози хуш порае ай Куръони Карим тиловат мекунад. Бо як махорати баланд бо як овози форам ончунон кироат кард ки аз муллохои пеш пеши чумхури ягон фаркияте надошт. Лекин фикр мекунам, ки чонибек аз даргохи Ислом умуман тасаввурот надорад. Бо Бахроми Гафури дар як тарозу гузоштани чонибек маъно надорад. ....
Хамин чонибек агар одами хуб мебуд барои чор танга солхои пеш дар як филме ки хоричихо ба навор гирифта буданд руйи рост ...снимать кард. Ин хучандихо барои чор танга.......................
кто такая Шабнами Сурайе? Вы ее знаете?! да она никто- это Джонибек ее прославил! И еще люди перестаньте все так буквально воспринимать, это просто шутка.
эээхееее хамара шарманда карди Чонибек ман туя одами боакл фикр мекардам , харам харом карди чонибеки БАЛАБОЛ... аслаш айб дар худи хофизхои душанбе аз аввал Чонибекро дар душанбе рох намедодед камтар хот гирифту хамая гап мезанад аз пушташ!!! Бахром Гафурия аз пушташ гап задошад аз паси дигар хофизхоям гап мезанад значит!!!!!
Аслан Ҷонибеки Мурод як нафари Худо бехабар баҳромро неву балки намозро махара кардааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?