Ғалабаи футболбозони тоҷик дар сабқат бо мунтахаби Афғонистон

Футболбозони тоҷик дар як бозии дӯстона тими миллии Афғонистонро шикаст доданд. Ин бозӣ, ки шоми 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ягона голи задаи ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ба поён расид.

Ҷалилов ин тӯбро дар дақиқаи 74-уми бозӣ аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид кард ва бо ҳимояти зиёди мухлисон рӯ ба рӯ шуд. Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 баргузор шуд. Тими миллии Афғонистон ба ин бозӣ зери раҳбарии Анӯш Дастгири 27-сола ба Душанбе омадааст, ки муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби ин кишвар аст.

Анӯш Дастгир дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Ҷаҳон-2018 дар ҳайати тими Афғонистон ҳамчун нимҳимоятгар бозӣ кардааст. Мутахассиси хорватиягӣ Петр Сегрт, ки аз соли гузашта вазифаи сармураббии мунтахаби Афғонистонро ба зимма дошт, дар лаҳзаҳои охирин аз вазифааш сабукдӯш шудааст.

Дар тамрини тими миллии Афғонистон, ки 11 ноябр дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон бо раҳбарии Анӯш Дастгир доир шуд, 26 бозигар ширкат дошт. Аз байни онҳо танҳо ҳашт нафарашон аз бошгоҳҳои футболи Афғонистон ҳастанд. Ҳаждаҳ нафари дигар легионерҳоянд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Дания, Ҳиндустон, Олмон, Ҳолланд, Руминия, Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тайланд, Малайзия ва Шветсия бозӣ мекунанд.

Ҳакамони ин бозӣ бо раҳбарии довари ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Александр Алиев аз Қазоқистон буданд.
 

Ин бозии шашуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон ба шумор мерафт. Дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик ғолиб шудаанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?