Ғасби силоҳҳои амрикоӣ аз сӯи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон

Аъзои гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ба аслиҳаи амрикоӣ даст ёфтаанд.

Бино ба иттилои Оҷонсии Reuters, аъзои гуруҳи мазкур аксҳои норинҷак, мушакҳои ҳамлшаванда, дастгоҳи мухобиротӣ ва техникаи дигареро, ки низомиҳои амрикоӣ истифода мебаранд, нашр намуданд. Дар аксҳо ҳамчунин ҳуҷҷатҳои яке аз сарбозони артиши ИМА дида мешавад.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ "Давлати исломӣ", низомиҳои ИМА ин аслиҳаро зимни яке аз амалиёт аз даст додаанд. Фармондеҳии ИМА талош дорад муайн кунад, ки ин амалиёт кай ва дар куҷо рух додааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?