Генерал Абдурашиди Дӯстум аз ширкати барқи Афғонистон 512 ҳазор доллар қарздор аст

Ширкати миллии барқи Афғонистон эълон кардааст, ки мақомҳои баландпояи ин кишвар, намояндагони Маҷлис ва зӯрмандони шаҳри Кобул беш аз як  миллион доллар пули барқи истифодабурдаи худро напардохтаанд. Теъдоди муштариёни қарздори ин ширкат ба беш аз сад ҳазор нафар расидааст.

Аз ҷумлаи ин афрод аз генерал Абдурашиди Дӯстум, муовини аввали Раисҷумҳури Афғонистон ном бурда мешавад, ки 34 миллион афғонӣ ё худ ҳудудан 512 ҳазор доллар қарзи барқашро пардохт накардааст.

Муҳаммадкарими Халилӣ, муовини собиқи президенти Афғонистон бештар аз 5 миллион афғонӣ, ё худ 78 ҳазор доллар қарзи барқ доштааст.

Ин ширкат дар як листи бузург номҳои баъзе намояндагони Маҷлис, сарварони сохторҳои давлатӣ, фарзандони фармондеҳони низомӣ, ширкатҳои хусусиро овардааст, ки аз ширкати миллии барқ қарздоранд ва дар фикри пардохти он низ нестанд.

Ширкат дар баёнияи ахиран интишордодааш мегӯяд, ки ин афрод ҳам қарздоранд ва ҳам дастури қатъи нерӯи барқ ба манзил ва коргоҳашон дода нашудааст.

Як сол пеш ин рӯйхат тартиб дода шуда будааст ва то ин замон 65 дарсади қарздорон қарзҳои худро пардохт карданд.

Ин бори аввал нест, ки Ширкати барқи Афғонистон аз қарзи шахсиятҳои маъруф, мақомдорони давлатӣ бонги изтироб мезанад.

Се сол пеш эълон карда буд, ки ҳар сол ба арзиши 30 миллион доллари амрикоӣ нерӯи барқ ғайриқонунӣ тавассути мақомҳои давлатӣ, туфангдорон ва зӯрмандон масраф мешавад ва касе онро намепардозад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?