Генерал Назарзода дар бораи офатҳои табии 18 соли ахир

Давоми 18 соли ахир дар натиҷаи офатҳои табии Тоҷикистон 1111 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Бино ба иттилои Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, солҳои 1997 — 2015 дар ҷумҳурӣ ҷамъ 3326 офати табиӣ ба амал омадааст, ки бар асари онҳо 1111 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Манбаъ мегӯяд, “хисороти расида дар зарфи чанд соли охир бузург аст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2016 бар асари селу ярч 10 нафар ҷони худро аз даст доданд. Соле қабл дар шаш моҳ 28 нафар ҳалок гашта буданд. Андозаи зарари моддӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 122 миллиону 130 ҳазору 300 сомониро ташкил дод.”

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?