Гигантомания: Дар Душанбе аз ҳисоби буҷаи шаҳрӣ бинои 22 -25 ошёна сохтан чӣ мантиқ дорад?

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст як муассисаи таҳсилоти томактабӣ – боғчаеро, ки дар назар аст 1200 (ҳазору 200) кудакро дар як баст фаро бигирад, бунёд кунад.

Бинои мазкурро, ки бино ба иттилои манобеи “Нигоҳ”, Маҷмааи “Меҳри Модар” ном гирифта, онро муҷассами модар зеб хоҳад дод, ҳанӯз танҳо дар нақшаи меъморӣ дидан мумкин аст. Хиҳти аввали он аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Ин иншоотро дар қатори Бозори “Пойтахт-90”, “Душанбе-Плаза”, Парчами баландтарини ҷаҳон ва амсоли ин, метавон боз як далели “гигантомания”-и масъулини пойтахт номид. Он натанҳо ҳаҷман, барои кӯдакистони як маҳалла бениҳоят азим аст, балки ба буҷаи шаҳри Душанбе хеле гарон меафтад.

Боғча, тибқи нақша, аз ҳашт бинои 4-ошёна иборат хоҳад буд. Он дар назар аст дар маҳаллаи Зарафшон, дар қади хиёбони Исмоили Сомонӣ, рӯ ба рӯи Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе бунёд шавад.   

Айни ҳол, дар бораи ҷузъиёти ин тарҳ расман иттилоъ намедиҳанд, аммо дар назар аст боғчаи азим, ки мантиқи ба ин ҳадд қомат афрохтанаш ба касе маълум нест, аз ҳисоби буҷа – маблағи мардум сохтаниянд.

Боғчаи хеле калон, ки ба гуфтаи коршиносон ҳадди ақал 30 млн. доллари нақд хароҷот хоҳад дошт, дар як маҳаллаи шаҳр ба кӣ лозим шудааст? Ин саволест, ки ҷавобашро аллакай медонем. Албатта ба масъулин – ҳамон  гирифторони гигантомания, ки пули буҷаро барои биноҳои азиме дар пойтахт, ба мисли Бозори “Пойтахт-90”-у “Душанбе-Плаза”, ки ба гумон аст дар даҳсолаҳои наздик хароҷоташон рӯйпӯш бишавад, дареғ надоштанд.  

Бозори холӣ ба ивази $40 млн.

 Тоҷирони бозори сеошёнаи  “Пойтахт-90”, ки дар 90-солагии шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуда буду ду сол боз дарди сари натанҳо ҳукумати шаҳр, балки чанд тоҷири муфлис низ шудааст, бо 205 милион сомонӣ – бо пули ҳамонвақта ҳудуди 40 милион доллар сохта шуд.

Ҳоло ин бозор холӣ аст, чунки талошҳои ҳукумати шаҳр барои то дари ин бозор овардани харидор натиҷа надод. Зимистон тоҷирони бозори 40-милиондолларӣ аз бебарқ ва сардии толорҳои калон шикоят карда буданд. Аксарият, албатта  бе шикоят дари дуконҳояшонро баста бозорро тарк карданд. 

Теъдоди ангуштшумори фурӯшандагони ин бозор, ки вақти ифтитоҳ аз он, мегуфтанд, 900 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард, аксарият муфлис шуданд. Вагарна дари дуконҳои худро намебастанд.

Вақте ин бозорро мекушоданд, шаҳрдорӣ ваъда карда буд, ки он ба арзон шудани нархи ғизо мусоидат хоҳад кард. Ҳатто 2 моҳи аввали фаъолият дар бозор барои соҳибкорон ройгон, бидуни ҳеч пардохт сурат гирифт.  

Ҳамон вақт ҳам мунаққидон мегуфтанд, 900 ҷойи корӣ ба ивази 40 милион доллар хеле гарон аст. Ба ҳисоби математикӣ ҳар як ҷойи корӣ дар ин бозор ба ивази 45 ҳазор доллар ба даст омадааст.

Ҳол он ки ин маблағро ба гумон аст дар ду даҳсола рӯйпӯш кардан мумкин бошад. Ин дар ҳоле ки ба ҳамин маблағ, ба ҳисоби коршиносон, 40 мактаб – барои дасти кам 30 ҳазор талаба сохтан мукин буд. Ин 40 мактаб ҳадди ақалл, 2 ҳазор омӯзгорро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекард.  

Калону дарозу баланд бошад...

Дар қатори иншоот – далели гигантоманияи ҳукуматӣ метавон Чойхонаи бузургтарин, ки ба “Наврӯзгоҳ” табдил шуд, Масҷиди муҳташаме, ки дар митақа назирашро касе надида ва акнун ба гумон аст нафаре бубинад, Пояи баландтарин парчами дунёро метавон шомил кард.

Дар Душанбе, як шаҳри хурде, ки аз ҳозир афзоиши аҳолӣ боиси мушкилот дар роҳҳои мошингард шудааст, аз ҳисоби буҷаи шаҳрӣ бинои 22 -25 ошёна сохтан чӣ мантиқ дорад?

Барои “Душанбе-Плаза”, ки 5 сол пеш дар маркази шаҳр ба баландии 92 метр қомат афрохт, ба ивази 164 миллион сомонӣ – бо пули онвақта 40 милион доллари буҷети шаҳри Душанбе бунёд шуд. Ба пуле, ки аз сокинони пойтахт ҷамъ шуда ва бояд ба манфиати кулли онҳо сарфу хароҷот бишавад. Ҳоло ин иншооти муҳташам дар хизматӣ кӣ қарор гирифтааст?

Ё шифохонаи бузурги дорои 650 кат, ки метавонад 800 нафарро дар як баст қабул кунад, ба ғайр аз азимпарастӣ, чӣ маънӣ дорад? Он ҳам ба ивази 75 милион доллар маблағи буҷа...

Ин ки дар бинои нав табиби куҳна беморонро хубтару беҳтар муолиҷа хоҳад кард, афсона барои хурдтаракон аст. Ин маблағҳо натаҳо ба таҷдиди беморхонаҳову марказҳои табобатии ҳудуди шаҳр, балки барои бунёди садҳо марказу бунгоҳҳои тиббии маҳаллии дорои шароити ройгони ташхис ва кумаки аввалия кифоят мекарданд, ё не?

Коршиносон чӣ мегӯянд?

Коршиносон мегӯянд, аз ҳисоби буҷа бунёд кардани мактабу кӯдакистонҳо оқилона нест. Ҳоло дар ин бахш тақозо калон аст ва осон ин корро метавон ба бахши хусусӣ бовар кард. Ба мактабу боғчаҳо талабот ҳаст, бо эълони тендер метавон ширкатҳои хусусиро ба сохтмони чунин иншоот осон ҷалб кард.

Бо ин роҳ метавон натанҳо сарфу хароҷоти беҳудаи пулҳои буҷаро пешгирӣ кард, балки рақобати солимро миёни соҳибкорӣ ба миён овард. Дар ҳамин ҳол ба азамату шаҳомати зиёдатӣ доштани ҳич иншооте дар ҳудуди шаҳре мисли Душанбе зарурат нест.

Барои мисол, дар ҳолати эълон шудани карантин дар ҳамон боғчае, ки дар назар аст бунёд шавад, ноилоҷ бояд ҳазору 500 нафар кӯдакон аз тарбият дур монанд. Дар ҳолати авҷ гирифтани беморӣ, Худо нокарда, хавфи зарчи бештари сироят шудани  теъдоди зиёди тифлон дар ин гуна иншоот меафзояд.

Омор

Дар шаҳри Душанбе, ки наздики 1 милион аҳолӣ дорад, бино ба оморҳои ахир, 257 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Аз инҳо: — 141 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ- 108 адад кӯдакистон,  8 муассисаи таҳсилоти иловагӣ- 210 муассисаи таълимӣ (116 мактаб, 86 кӯдакистон, 8 марказҳои таҳсилоти иловагӣ) аз буҷети шаҳрӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Дар пойтахт намудҳои зерини мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд: — 11 мактаби ибтидоӣ- 9 мактаби асосӣ- 117 мактаби миёнаи умумӣ-4 мактаби таҳсили ғойбона.

Аз шумораи умумии мактабҳои таҳсилоти умумӣ 25 муассисаи типи нав мавҷуд аст, аз ҷумла: — 16 адад гимназия- 9 адад литсейҳо.

Шумораи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, то октябри соли 2012 171 ҳазору 940 нафар унвон мешуд. Ин омор, бо таъсири аз деҳот бкӯч бастани аҳолӣ бо суръат меафзояд. Талабаҳо маҷбуранд дар се баст, дар як гуруҳ то 40-нафарӣ таҳсил кунанд. Дар пойтахт ҳамагӣ 11 мактаби хусусӣ низ амал мекунанд, ки аксарият имкони дар он ҷо ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонашонро надоранд.   

 

Назарҳо

Душанбе Плаца бинои безебтарини Душанбе мебошад. Хар дафъе ки ин биноро мебинам табъам хира мешавад. Чи лозим аст боз богчаи бачагонаи 25 ошена? Илтимос, шахрро ба чангалзор табдил надихед.
Хама кори дунё мантик, тахлил. хисобу китоб ва гап дорад-Бародарон. Барои хамин гох-гох бо халк сохиби хокимият бояд маслихату машварат кард-Додарони азиз.
Э бале, кандатро зан. Лекин аз ин войгуихо хеч фоида нест. Ба кавли русхо "Собака лает, караван идет"

Шояд шумо суол ё назаре доред?