Global Finance: Тоҷикистон аз кишварҳои минтақа фақиртар аст

Тоҷикистон дар радабандии сатҳи иқтисодии кишварҳои олам ба қатори 35 кишваре шомил шудааст, ки вазъи иқтисодашон харобу бо фақр ба сар мебаранд.

Дар радабандие таҳти унвони “Кишварҳои сарватманди ҷаҳон”, ки нашрияи амрикоии Global Finance Magazine тартиб додааст, дар миёни 185 кишвари дунё Тоҷикистон дар мақомоти 153-юм қарор гирифтааст. Радабандии мазкур бо такя ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор таҳия шудааст, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба аҳолиро ба назар гирифтаанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ҳудуди бештар аз 2,8 ҳазор доллари ИМА ба сари аҳолиро ташкил медодааст, ки ин нишондод нисбат ба кишварҳои пешсафи ин феҳрест ба маротиб камтар мебошад.

Ба ҳисоби нашрияи Global Finance Magazine Қатар аз сарватмандатрин кишварҳои дунё мебошад, ки ММД он ба сари аҳолилаш 146 ҳазор доллари ИМА рост меояд. Дар ҷои дуюм Люксембург ($94,167.01) ва дар ҷойи сеюм - Сингапур ($8 84,821.40) қарор гирифтааст.

Сатҳи иқтисоди Тоҷикистон аз ҳамсоякишварҳо танҳо аз Афғонистон хубтар баҳо дода шудааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Афғонистон ба сари аҳолиаш ба 2 ҳазор доллар баробар будааст, ки бо ин нишондод дар ҷои 162 қарор гирифтааст.

Аз кишварҳои собиқ ИДМ Қирғизистон ба Тоҷикистон наздик аст, ки ММД-и он ба сари аҳолӣ ба 3,5 ҳазор доллар баробар буда, дар ҷои 142 қарор дорад. Қазоқистон як зина пеш аз Русия дар мақоми 50 ($25,367.27) қарор дорад, Русия дар ҷойи 51 ($25,350.86) мебошад.

Туркманистон дар ҷойи 77-ум ($15,8 ҳазор) ва Ӯзбакистон дар ҷойи 127  ($5,9 ҳазор) мебошанд. Тоҷикистон дар ин феҳрест дар миёни кишварҳои қашшоқи африқоӣ ҷой гирифтааст.

Аз мо пеш Папуа Гивинеаи Нав ($2,856.67 доллари ба сари аҳолӣ) буда, аз мо пас Чад ($2,805.09) мебошад.

Даҳгонаи кишварҳои сарватманди ҷаҳон:

Даҳгонаи кишварҳои фақир:

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?