Гулмурод Ҳалимов “қаҳрамон”-и нашрияҳои чопии Душанбе (хулосаи матбуот)

Дар аксар нашрияҳои чопи ин ҳафта дар Душанбе Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини ОМОН-и ВКД, ки ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” пайваст “қаҳрамон”-и асосӣ буд.

Нашрияҳои чопи Душанбе баъд аз он, ки Гулмурод Ҳалимов бо нашрия як видео аз пайвастанаш ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” дарак дод, ба ин мавзӯъ рӯ овардаанд. Нашрияҳои мустақили Душанбе амали Гулмурод Ҳалимовро маҳкум карда, дар баробараш суолҳое низ мегузоранд, ки то ҳол бепосух аст.

Аз ҷумла ҳафтаномаи мустақили “СССР” (№ 22 (351), 4 июни соли 2015) ба ин қазия аз чанд паҳлӯ таваҷҷӯҳ кардааст. Аввалан, Сурияро “дом барои беақлон” меномад. Сипас, амалкарди Бек Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи кишвар, ки дастрасӣ ба бархе сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд кард, амали “дақёнусӣ” медонад. Ба навиштаи ин нашрия, маҳз ӯ буд, ки бо дастураш аксари сайтҳои маъруф баста шуданд ва кишварро як бори дигар чун душмани интернет ва озодии баён муаррифӣ кард.

“СССР” менависад, ки навори аз тариқи шабакаҳо пахшшуда касбӣ буд, аз ин сабаб ба чунин хулоса омадааст, ки полковникро аз хеле замонҳо интизор буданд. Ҳамчунин, ин нашрия аз як рӯйдоди шаҳри Кӯлоб дар соли 2011 ёд мекунад, ки гӯё “маҳз бо фармони Гулмурод Ҳалимов дар стадиони ороми Кӯлоб-Арена, дар таърихи 11-06-2011, ҳини вохӯрии “Равшан”-“Истиқлол” бомбаи дудӣ партов гардид. Дар натиҷа чанд кас захм бардошт ва ин амали ОМОН, ки Гулмурод сардораш буд, мардумро ба шӯр овард ва кашмакашҳо оғоз шуд. Ҳадаф? Полковник мехост водиеро зидди ҳукумати марказӣ ва давлати Тоҷикистон шӯронад, ки таоруфан такягоҳаш буду ҳаст”.

Нашрияи ҲНИТ “Наҷот” (№ 23 (845), 4 июни соли 2015) аз қавли таҳлилгари рус Максим Шевченко фирори Ҳалимовро хатои сиёсӣ номидааст.

Ҳафтаномаи дигари мустақил “Миллат” (№ 21 (508), 3 июни соли 2015) дар мақолаи “Парванда: “зархарид” ҷанбаи дигарро ба риштаи таҳлил кашидааст, ки ба фурӯхта шудани Гулмурод Ҳалимов иртибот дорад. Аммо суол кардааст, ки ӯро ба чӣ қиммате ва бо тарғибу ташвиқи кӣ? Киҳо дар ҷалби чунин мақоми олии низомӣ даст дотштанду доранд?

“Озодагон” (№ 21 (377), 3 июни соли 2015) дар мақолаи “Асрори фирори полковник Ҳалимов” аз гуфтаҳои Ҳайдар Ҷамол, коршиноси умури сиёсӣ ва исломии Русия иқтибос овардааст, ки рафтани Гулмуродро ба анҷоми ким-кадом маъмурияте рабт медиҳад. Вай дар суҳбат бо радиои “Говорит Москва” иброз доштааст, ки бовар надорад полковник Ҳалимов бо аҳдофи хосе ба “Давлати исломӣ” пайваста бошад. Муътақид аст барои анҷоми маъмурияти вижа ба Сурия рафтааст. Ва ба гуфтаи ӯ ин маъмурият аз ҷониби Русия, Амрико ё Исроил ба ӯ вогузор шудааст ва ҳадафаш роҳандозии сӯиқасд ба ҷони Абубакри Бағдодист.

“Азия-плюс” (№ 43 (1026), 4 июни соли 2015) дар мақолаи “Полковник-предатель» истинодан ба гузориши Кумитаи амнияти миллии кишвар менависад, ки Гулмурод Ҳалимов ба Сурия барои пардохти ҳақе рафтааст, ки фармоишгарон ҷиҳати сиёҳ кардани ватанаш ба ӯ додаанд ва чун актёр бо паҳн кардани ин гуна суҳбатҳои видеоӣ “Давлати исломӣ”-ро ситоиш мекунад ва амалкардҳои намояндагони онро ҳақ нишон медиҳад. 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Интернетро бастан ин чи маъно дорад бастаан ки одама сапти видиора тамошо накнан

Шояд шумо суол ё назаре доред?