Гумрук нагузошт, 20 кг пиёзи Тоҷикистон вориди қаламрави Иттиҳоди АвруОсиё шавад

 Кормандони фаврии хадамоти гумруки Қирғизистон дар постгоҳи марзии “Ҷануб” аз ҳодисаи вуруди ғайриқонунии пиёз ва чой ба қаламрави кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҷилавгирӣ карданд.

Дар ин бора рӯзи чоршанбе 18-уми май аз Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ доданд.

Дар хабарномаи ин ниҳод гуфта мешавад, ки “кормандони фаврии хадамоти гумрук дар постгоҳи марзии “Ҷануб” дар шаҳри Ноокати вилояти Уш монеъи ғайриқонунӣ ворид кардани 20 килову 500 грам пиёз аз Тоҷикистон ба қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуданд”.

Ҳамзамон бо ин дар рустои Пулгони ноҳияи Қадамҷойи вилояти Боткен аз ворид намудани 2481 шиша нӯшокии ғайриалкулии фойи “Ширин” аз Тоҷикистон низ ҷилавгирӣ шудааст.

Аз рӯйи ин ду ҳодиса парвандаҳои ҷиноётӣ оғоз шудаанд ва мақомот ба тафтишот оғоз кардаанд.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?