Гумруки ВМКБ дар се моҳ ба буҷаи давлат беш аз як миллион сомонӣ ворид кард

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иҷрои нақшаи воридшавии пардохтҳои гумрукиро дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 100 фоиз иҷро намудааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии ин ниҳоди мазкур дар ин давра ба буҷаи ҷумҳурӣ як миллиону 780 ҳазору 764 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 53 ҳазору 826 сомонӣ зиёд буда, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 771 ҳазору 741 сомонӣ зиёд мебошад.

“Тибқи нақша воридкунии пардохтҳои гумрукӣ барои Раёсати мазкур дар ҳаҷми як миллиону 726 ҳазору 938 сомонӣ муайян гардида буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 776 ҳазору 923 сомонӣ ё ба андозаи 81,8 фоиз зиёд мебошад”- мегӯяд манбаъ.

Назарҳо

Ҳа онҷо охир санҳои қимматбаҳо! Ана дигар марзҳои кумрукиҳам хуб маблаг медиҳанд ку чаро онҳоро нагуфтед! Хулоса чунон мардумро ба танг овардагӣ шумо, ки як чандсоли дигар дар ин мамлакат касе намемонад худатон хӯрда кайф карда мегарден ана бинед дар расм чихел гарданҳои ғафс доранд аз пули шумо мардум хӯрда! ... Фикри миллатба неи нҳо сонишба коре карданӣ ки ҳама баромада раванд!

Шояд шумо суол ё назаре доред?