Хабарнигорони бидуни марз: расонаҳои Тоҷикистон гирифтори “тамоюли хатарнок” шудаанд

Ҷои 149 уми Тоҷикистон дар рейтинги Озодии баён

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар охирин арзёбии шохиси озодии баён дар ҷаҳон Press Freedom Index 2018 вазъи расонаҳо дар Тоҷикистонро гирифтор ба “тамоюли хатарнок” донистааст.

Дар гузориши тозаи ин созмон, ки чанде пеш дар Порис муаррифӣ шуд, дар миёни 180 кишвари дунё Тоҷикистон дар мақоми 149-ум қарор дорад. Ба бовари коршиносони ин созмон, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аз соли қабл ҳеч тағйире надоштааст, яъне ҳамоно аз бадтаринҳост.

Кишварҳои урупоии Норвеж, Суид (Шветсия), Ҳоланд ва Финланд дар радаҳои аввал қарор доранд. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон бо мақоми 98-ум пешсаф мебошад. Қазоқистон дар ҷойи 158, Ӯзбакистон – 165 ва Туркманистон – 178 қарор доранд. 

Ин созмон бо нигаронӣ гуфтааст, ки маҳви озодии расонаҳо дар ҷаҳон “суръати рекордӣ дорад”.

Ба таҳлили коршиносони ин созмон, вазъи озодии баён дар Русия ва Туркия то сатҳи 30 соли пеш поён рафтааст. Ба бовари онҳо, ин раванд ба кишварҳои наздик ба Русияву Туркия бе таъсир буда наметавонад.
Коршиносон бар онанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ба ҷуз аз нашрияи “Озодагон” расонаи мустақил намондааст ва кулли расонаҳои дигар зери “идораи дастии” мақомот қарор гирифтаанд.

Copyright @2018 TojNews

Назарҳо

Расонаҳои мустақиле, ки дар Тоҷикистон бо мақомот "ҳамкорӣ" доранд, аксар ба хотири зинда монданашон дар майдони матбуот аст. Зеро дар ҳолати "идораи дастии" мақомот нашуданашон ё фаъолияташон маҳдуд мешавад мисли "Озодагон" ё мисли "Тоҷнюс" ва амсоли он даҳонашон баста мешавад... Афсӯс....

Шояд шумо суол ё назаре доред?