Хатари истифодаи кондитсионер ба ҳаёти башар ва сипари курраи Замин

Олимони тоҷик мегӯянд, ки истифодаи зиёди ҳавосокунакҳо ё таҷҳизоти сардкунанда (кондитсионер) аз омилҳои аслии хатарзо ба қабати сипарии курраи Замин – қабати озон мебошанд.

Ин нукта 7-уми октябр зимни нишасте дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Инъикоси мавзӯи ҳифзи қабати озон дар васоити ахбори омма” зикр шуд. Ба гуфтаи олимон дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои қудратманд ба само киштиҳои кайҳонӣ ва дигар таҷҳизот равон намекунанд, ки хатар ба қабати озон дошта бошад. Аммо истифодаи таҷҳизоте, ки аз онҳо гидрофторхлоркарбонҳо (ГХФК) хориҷ мешаванд, боис ба тунук шудани қабати озон мегарданд.

Олимони тоҷик аз он нигаронӣ доранд, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз кондитсионерҳо, таҷҳизоти сардкунанда ), реагентҳои бавуҷудоварандаи кафк, солвентҳо, сӯхторнишонҳо ва аэрозолҳо зиёд истифода мешавад, ки таъсири манфии он баъди 20-30 сол ба қабати озон ба мушоҳида мерасад.

Мутахассис Хуршед Ҳусайнов дар ин нишаст гуфт, ки  фреонҳо, яъне гидрофторхлоркарбонҳо аз таҷҳизоти сардкунанда хориҷ мешаванд, аз он ки вазнин мебошад, бухоршавии он ба ҳаво муддати дарозро дар бар мегирад. “Давомнокии қабати азон ҳамагӣ 0,4 сония мебошад. Фреон вазнин аст ва муддати дароз тавассути шамол ба ҳаво бухор мешавад. Қабати азон дар стратосфера дар баландии 50 километр ҷойгир шуда, пурра шуъоҳои ултрабунафши кутоҳмавҷро, ки барои тамоми мавҷудоти зинда ҳалокатовар мебошад, ба худ кашида мегирад ва мувозинати экологии обтақсимкунакҳо, заминҳои кишоварзӣ ва нигоҳдории гуногунии биологиро таъмин менамояд”,- мегӯяд ӯ.

Чандест, ки ҳамасола олимони ҷаҳон дар бораи заиф гардидани қабати озон бонги хатар мезананд. Фиристондани мушакҳои кайҳонӣ аз омилҳои аслии хатарзо ном бурда мешавад, ки қабати озонро месӯзонад. Инчунин, дар шарҳи зарари фреон олимон мегӯянд, фреонҳо дар ҳарорати хона ба ҷӯш омада, босуръат ҳаҷми онҳо меафзояд. “Вақте фреонҳо ба қабати болоии атмосфера мерасанд, аз онҳо зери таъсири шуъоҳои ултрабунафш атоми хлор ҷудо мешавад, ки яке аз паси дигар молекулаҳои озонро ба оксиген табдил медиҳанд”, - мегӯянд олимон. 

Ҳамин тавр осебпазир шудани қабати озон шиддати биёбоншавӣ ва ба нест гардидани наботот оварда мерасонад. Ба ҳаёти инсон низ бетаъсир набуда, боис ба хуруҷи бемориҳои саратон, диққи нафас, бемориҳои чашм, тағйир ёфтани  сохт ва пигментатсияи пӯст мегардад. 

Ҳоло дар Тоҷикистон аз кондитсионерҳо зиёд истифода мешавад, ки дар бозорҳо нархи он аз 1000 сомонӣ оғоз шуда, то 5 ҳазор сомонӣ ва бештар аз он мерасад.

Дар ин ҳамоиш зикр шуд, ки дар Тоҷикистон заифии қабати озон дар минтақаи баландкӯҳ, аз ҷумла дар Мурғоб ба мушоҳида мерасад.

Тоҷикистон барои ҳифзи қабати озон ба чандин созишҳои байналмилалӣ ҳамроҳ мебошад. Ба гуфтаи Шамс Назаров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон, барои иҷрои ӯҳдадориҳояш тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла соли 1999 бо фармони Президент Барномаи миллӣ барои ҳифзи қабати озон таҳия ва аз ҷониби Шӯрои Фонди ҷаҳонии экологӣ қабул шудааст.

Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 1995 ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон  ва аз соли 1997 ба Протоколи Монреал  оид ба моддаҳои вайронкунандаи  қабати озон  ҳамроҳ шудааст.

Copyright @2015 TojNews    

Назарҳо

Тадқиқоти рӯякӣ. Дар кондитсионерҳои нав фреон истифода намешавад. Бо ҳамаашон сертификати экологӣ доранд. Аввалан бо ҳамин таҷҳизот шинос мешуд "коршинос".

Шояд шумо суол ё назаре доред?