Хатлон: Таркиши мошини газ НФС-ро ба коми оташ бурд

Таркиши автомашинаи газкашон дар шаҳри Қурғонтеппа як нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ба коми оташ бурд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, аз ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расида, 17 нафари дигар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Ҳодиса 9-уми июли соли равон дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъи ҶДММ «Кафолат-Садбарг», воқеъ дар канори роҳи автомобилгарди Қурғонтеппа-Сарбанд ба амал омад.

Манбаъ мегӯяд,  дар автомашинаи газкашони тамғаи «Дулан», ки ба шаҳрванд Далер Мадбобоеви 22-сола тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омада, зарфи автомашинаи газкашон таркидааст.

Сабаби сар задани сӯхторро масъулини ВКД дар вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти боркашони гази моеъи тамғаи «Дулан» ба зарфи нигоҳдории гази моеъи нуқтаи сӯзишворӣ арзёбӣ мекунанд. Зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?