Хатлон: Зани ҷавонеро ба қатл расонда, дасту пояшро баста ба канал партофтаанд

Як зани 26-соларо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба қатл расонда, ҷасадашро ба канали обгузар партофтаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 22-юми март ҷасади занеро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар канали обгузари ҳудуди деҳаи Коминтерни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ меёбанд. Ду даст ва пойи ҷасад баста будааст.

Мақомот муайян кардаанд, ки “он ҷасади зани 26-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар яке аз ошхонаҳо пешхизмат будааст”. Барои ошкор кардани ҷиноят бо супориши Рамазон Раҳимзода, вазири корҳзои дохилӣ гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ ташкил мешавад.

Баъди ду рӯз, 24-уми март кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳияро боздошт кардаанд.

“Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”, - мегӯянд дар ВКД.

Copyright @2016 TojNews  

Назарҳо

ана худомон чӣ кор мекунем кани доду вой мисли ҳодисаи бо афсари рус ва пешхизмати Шоира

Шояд шумо суол ё назаре доред?