Хайрулло Саидов: Метарсам, ки бесарпаноҳ мемонем

Мақомоти судӣ иддио доранд, ки барои пардохти қарзҳои Окушеви қазоқ бояд ҳамаи амволи зану фарзандони Зайд Саидом мусодира ва онҳо ихроҷ карда шаванд.

Ин як гузориши хеле такондиҳандаро писари соҳибкор Хайрулло Саидов  дар саҳифаи Фейсбуки худ гузошт ва дар кутоҳтарин фурсат аз пурхонандатарин ва пурбаҳстарин матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ гашт.

Дар воқеъ бо гузашти ҳудудан чор сол ҳам ҳамоно номи Зайд Саид чун шахси муваффақ дар тиҷорату созандагӣ ба забон ронда мешавад ва он ки имрӯз мақомот мехоҳанд барои қонеъ сохтани даъвои як қазоқ, ки боз ҳам ӯро то ҳол касе надидаву аз тариқи намояндааш даъво пеш мегузорад, хонаи фарзандонашро мусодира кунанд, муҷиби гӯмагӯҳои тоза шуд.

Соате пеш суҳбати кутоҳе доштем бо Хайрулло Саидов, ки ҳоло ин ҷо мехонед.

Тojnews: Метавонед мушаххастар гӯед, ки ин хонахо кай харида шуда буданд ва чаро мутааллиқ ба падаратон нестанд?

- Ягон хона мутааллиқ ба падарам нестанд. Инҳо ҳамагӣ аз модару бародару хоҳаронам ҳастанд. Замоне, ки падари мо дар Маскав яке аз соҳибкорони муваффақ буданд, мо фарзандон низ канорашон кор мекардем. Замоне, ки дар пойтахт фаъолият доштанд, мо низ бекор набудем ва ҳар кадом шуғлеву фаъолияте дошт. Пас мо магар ҳақе надоштем хона дошта бошем? Чӣ гуна мешудааст, ки як узви оиларо ҳабс куниву амволи фарзандонашро ҳам кашида гирӣ? Ин кадом қонун аст?

Тojnews: Дар охирин мурофиаҳои судии Зайд Саид дар қарори суд мусодираи кадом амвол буд ва то имрӯз аз Зайд Саид чиҳо мусодира шудааст?

- То ҷойе медонед, ҳамаи корхонаҳои марбут ба падарам ва ҳатто шариконаш мусодира шуданд. Мо ҳоло чизе аз моли падар надорем. Ҳама дороиҳои ишон забт шуданд. Ҳатто амволе, ки иртиботе ба парвандаҳо надоштанд, ситонида шуданд. Боқӣ мондааст ҳамин чанд хонае, ки фарзандонашон дар он зиндагонӣ мекунанд. Ман дар қарори суду додрасҳо мантиқро намебинам. Як қазоқе, ки шахсан ман ӯро надидаам, муддаии амволи падари мост. Ва ҳар рӯз додгоҳ даст ба як иқдоми нав ба фоидаи Окушеви қазоқ мезанад. Гӯё ӯ муҳимтар аз аз он аст, ки мо дарбадар бошем.

 Тojnews: Чаро шумо муваффақ нашудед, ки доир ба ҳар хонаи мавриди баҳс дар ин 3,5 сол қарори мушаххаси додгоҳро ба даст оред? Чӣ монеъа буд?

 - Дар хукм фақат гуфта шудааст, ки ҳамаи амволи ба ҳабс гирифта шуда мусодира шаванд. Ин комилан ғайриқонунӣ аст. Бояд ҳар як моле, ки мусодира мешавад, алоҳида дар суд баррассӣ мешуд ва исбот мешуд, ки ғайриқонунӣ ба даст омадааст. Аммо чунин нашуд.  Ва мо ҳам барои ҳар молу амволе, ки ба ҳасб гирифта шуда буд, дар тӯли ин 3,5 сол ба судҳо муроҷиат карда будем. Ҳамаи ин судҳо ба ҳар баҳонае муроҷиати моро пас мегардонанд ва ё дар баъзе мавридҳо комилан хомӯширо пеша мекарданд. Дар натиҷа мо наметавонистем посухи расмӣ ба даст орем. 

Тojnews: Шумо дар навиштаҳои худ ва дар ин суҳбат ҳам ба қарзҳои Окушев ишора кардаед. Ҳоло ӯ куҷост ва чаро намешавад бо ӯ мулоқот кард ва ё ба баҳси дигари судӣ даъват намуд? Ин ҷо чӣ монеъ аст?

 - Худи Окушевро мо аслан надидаем ва намедонам куҷо аст. Ӯ як намоянда дорад бо номи Алиназаров Панҷшанбе, ки корашро мебарад.  

Такрор ҳам шавад, бояд зикр кунам, ки ин ҳукме, ки падари манро боз бештар аз ду миллион карздор кардаанд, комилан ғайриқонунӣ аст. Чун шояд падарам то имрӯз хабар надоранд, ки ӯро боз қарздор ҳам кардаанд. Зеро ҳамаи ин мурофиаҳо паси дарҳои баста ва бе ширкати Зайд Саид ва бастагонаш мегузаранд. Мо аслан чизеро намедонем, танҳо мебинем, ки боз қароре содир шудааст. Падари мо се сол инҷониб зиндонианд, вале мурофиаҳо идома доранд.

Аз сӯйи дигар суд ҳам вазифадор аст, ки тибқи қонун  ҳаққи ҳамсару фарзандони падарамро ҳам ҷудо кунад.

Тojnews: Магар ҳама роҳҳои расидан ба ҳақиқат баста шудаанд? Дигар роҳе нест, ки аз амволи худ дифоъ кунед?

- Чӣ роҳе ҳаст ба ҷуз ин ки боз ба додгоҳ муроҷиат кунем ва ин корро мо карда истодаем. 

Тojnews: Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки мо суҳбат дорем, хонаводаи Зайд Сайид чӣ ҳол дорад?

 - Хонаводаи Зайд Саид дар ҳоли парешониву асабоният қарор дорад. Ҳамаи моро бими маҳрум шудан аз сарпаноҳамон фаро гирифтааст. Яъне, дар ба дар шудан, овора мондан дар кӯчаҳо. Кӣ гумон мекард, ки замоне ба сари фарзандони Зайд Саидови ободгар ин гуна фоҷеаҳо меоянд. Худо нигоҳ дорад.

 

Назарҳо

Аз худо тарсед. Марди набувад фитодаро пой задан.
Вакт мегузарад. Таърих бо майдатарин чузъхояшон ба ин рафторхо бахо хохад дод.
Падаратон хуб дуздиду (аксари вазирон медузданд ва инро хама мардум медонад) ба номи хар кас навишт, фикр кард, ки Худорам фиреб медихад, аммо Худо дар ун боло хамаашро мебинад. Навбати дигаро хам мерасад.... Андеша бояд мекарданд....хакки мардум хурда намешавад, аз як чо не як чо мебарояд (бобохом гуфтагй)....

Шояд шумо суол ё назаре доред?