Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо сил дар Тоҷикистон 4,5 млн. ҷудо мекунад

Зарфи панҷ соли оянда Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва баланд бардоштани сифати системаи тандурустӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз ин беморӣ 4 миллиону 666 ҳазору 695 доллари ИМА масраф хоҳад кард.

Лоиҳаи мазкур 14 декабри соли 2015 дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Глобалӣ ба имзо расида буд.

Маблағи ёдшуда барои харидории таҷҳизоти ташхисӣ ва дигар таҷҳизот, харидории маводҳои ташхисӣ, барои омӯзиши муттахасисон, аз ҷумла берун аз кишвар, дигар хароҷоти вобаста ба татбиқи Лоиҳа масраф хоҳад шуд. Мавриди таъкид аст, ки сармояҳои Хазинаи Глобалӣ тӯли 13 сол аз ҷониби шарикони рушд,аз ҷумла Барномаи рушди СММ амалӣ мегардиданд.

Дирӯз дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашурова зимни муаррифӣ ва шарҳи Созишномаи мазкур гуфт, ки “бемории сил ба гурӯҳи бемориҳои сироятӣ дохил гардида, саривақт дарёфту ба табобат фаро нагирифтани беморон, на танҳо сабаби маъюбӣ ва дар ҳолатҳои алоҳида боиси фавт мегардад, балки ҳамчун мушкилоти тиббию иҷтимоӣ мавриди нигаронии ҷомеа қарор мегирад”.

Гулбаҳор Ашӯрова ҳамчунин гуфт, ки лоиҳаи мазкур аввалин таҷрибаи амалисозии маблағгузории Хазинаи Глобалӣ аз ҷониби муассисаи давлатӣ мебошад.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?