Худо нигаҳбони Шумо! Изҳороти хайрбодии "Тоҷнюс" бо хонандагон

Хонандагони гиромӣ!
Ҳайати эҷодии ожонси итилоотии “Тоҷнюс” бо таассуф арз медорад, ки бо қарори муассиси ожонс - Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз 2 - юми ноябри соли 2016, имрӯз, 14 –уми ноябр соати 13.00 мо фаъолиятамонро қатъ мекунем.

Ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Мо интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид. Сабабаш ҳам маълум: дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд  намебошад. Умедворем ин вазъ абадӣ нахоҳад монд.

Ҳамчунин эълон медорем, ки тибқи қарори созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз ин ба баъд бойгонии Ожонси иттилоотии TojNews моли миллат маҳсуб шуда, истифодаи маводи ҳамаи бахшҳои он, минҷумла тарҳҳои хоса бидуни риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ муҷоз аст.

Худо нигаҳбони шумо!
 

Назарҳо

Худо нигаҳбонатон!
Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!
Садҳо афсус ва фарёди бепоён! Беҳтарин сайти омӯзиши, фаврӣ ва иттилоотӣ дар Тоҷикистон буд, ғаму андӯҳи ман аз ин хабари нохуш ҳадду канор надорад. Аз дастаи як гурӯҳи мансабгадои ғайритоҷик як миллати озодандешу соҳибфарҳанг солҳост ки хуни ҷигар дорад. Бо бастани ТОҶ.НЮС озодии баён, демократия ва матбуоти миллӣ ба тамоми маъни аз байн рафт. Замон ба мардуми нодон диҳад, зимоми мурод, Ту аҳли донишу фазли, ҳамин гуноҳат бас аст!
Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун.
Мы знали этого что точнюс тоже закроют
салому алейкум.сабаби басташавии toj.news дар чист?илтимос махкам нашавед
Худо нигахбонатон. Сухандонию хушхони намеварзад дар Шероз, Биё Хофиз ки мо худро ба мулки дигар андозем. Пинхон пинхон навистан гиред милат бо шумост.
Афсууусссс. Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун.
Худо шуморохам нигох дорад маълумотхои лозимиро инчо дастрас мекардем.

Шояд шумо суол ё назаре доред?