Human Rights Watch: Эътирози ҷавонони тоҷик нишони ҳимояти расмӣ аст

Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch бо пахши як изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки мавриди ҳамла қарор гирифтани наздикони мухолифинро маҳкум ва таҳқиқ кунад. 

Кеннет Рот, раиси иҷроияи Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст: “Ин як танзи талх аст, ки амали як кас барои дифоъ аз озодии баён дар конфронси байналмилалӣ мунҷар ба хушунат алайҳи наздикони ӯ мешавад. Ҳамоҳангсозии ин ҳамлаҳои ҳамзамон дар якчанд шаҳр нишонаи ҳимояти расмӣ аст, чун мақомот дар мутавақиф ва маҳкум кардани онҳо кутоҳӣ мекунанд”. 

Дар пайи иштироки фаъолони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшава, садҳо ҷавон бо нишони эътироз назди дафтари САҲА дар Душанбе ва манзилҳои фаъолони ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ рафта, аксҳои мухолифинро оташ задаву ба дару деворҳо сангу тухм партоб карданд. 

Дар изҳороти Дидбони ҳуқуқи башар, ки чоршанбеи 28 сентябр аз Варшава нашр шудааст, инчунин даъват мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон “иқдомотеро барои ҷилавгирӣ аз озору азияти онлайнии пажуҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна роҳандозӣ кунанд”. Гузоришгарон навиштаанд, 22 сентябр дар саҳифаҳои Фейсбук карикатураҳои Стив Свердлов пайдо шуда буд. Афзун бар ин, “рӯзҳои 23 ва 24 хабаргузории давлатии “Ховар” чандин мақоларо алайҳи Свердлов нашр кард ва ӯро дар пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам намуд”.

Кеннет Рот дар идома гуфтааст, бо ин ҳамлаҳои сохта талош мекунанд, созмони моро хомӯш кунанд, чун мо хушунатҳои ҷиддиеро ба намоиш гузоштем: “Пиарҳои ҳукумати Тоҷикистон аз тариқи ҳамла кардан ба паёмрасонҳо дур нахоҳанд рафт, балки тааҳҳудҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон имзо кардааст, бояд анҷом шаванд. Озод кардани мунтақидони зиндонии ҳукумат шомили онҳо мебошанд. Ба андозаи кофӣ бад аст, ки Тоҷикистон мунтақидони худашро зиндон мекунад, вале ҳоло ба ёварон САҲА низ ҳамла мекунад. Аъзои САҲА бояд ба ин тавҳини ошкорои озодии баён поён бидиҳанд”.

Пеш аз ин ҳам Дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж бо пахши як изҳорот гуфтанд, ниҳодҳои ҳукуматӣ ва байниҳукуматӣ бояд буҳрони бадтар шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро маҳкум кунанд. Дар изҳороти муштараки ин ду созмон азҷумла гуфта шуда буд: “Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои аъзо, ҳамчунин кишварҳои узви САҲА бояд барои набуди ислоҳот таҳримҳои ҳадафманд ҷорӣ кунанд”.

Шояд шумо суол ё назаре доред?