Ифшои як мошини дуздӣ аз Олмон, ки аз Литва ба Тоҷикистон равона буд

Бар асари роҳандозии амалиёти густардаи ҷустуҷӯи мошинҳои гумшуда бо номи «Авто-VIN» дар Псков кормандони хадамоти гумрук дар вагони қатори боркаше, ки аз Литва ба Тоҷикистон дар ҳоли ҳаракат буд, чор мошинеро кашф кардаанд, ки яке аз онҳо дар Олмон мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.

Ин амалиёт ба хотири пайдо крадани мошинҳои рабудашуда дар дохил ва хориҷи Русия роҳандозӣ шудааст. Пулиси ин кишвар мегӯяд, дар маҷмуъ 262 мошин мавриди тавтишу таҳқиқ қарор гирифт. 

Дар натиҷа мошини тамғаи «Ауди-А6» бо рақами ғайриқонунии Беларус боздошт шуд. Ҳамчунин се ҳодисаи нақзи қонуни гумрук ҳангоми убури мошинҳо ошкор гардид.

13 маводи дигар дар мавриди фош шудани мошинҳои ғайриқонунӣ воридшуда низ омода ва ба тафтишот ирсол гардидааст. 

Мақомоти мегӯянд дар ҷараёни баргузории ин амалиёт пулиси Псков бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи якчанд кишвар дар иртибот буд

Назарҳо

Ин мошинҳои дуздӣ ҳамааш дар дасти хешутабори мансабдорони боло болои ҳукумати тоҷикистон аст

Шояд шумо суол ё назаре доред?