Ифтитоҳи хати нави оби нӯшокӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон рафт.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, боздиди кории навбатии Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо шукуҳи хоса ва самимияти беандоза оғоз ёфт.

“Мардуми сарбаланди ин диёри файзбор раҳнамои худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимӣ ва бо иҷрои муқарароти меҳмоннавозии сатҳи олии тоҷикона дар фурудгоҳи ноҳия истиқбол гирифтанд.”

Дар ҷараёни ин сафар Президент хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия, бинои нави Шуъбаи маориф, Нозироти андозро ифтитоҳ кард.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?