Ифтитоҳи корхонаи маъдантозакунии “Рукнобод” дар Панҷакент

18-уми октябр Президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ба фаъолияти Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди "Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед", воқеъ дар деҳоти  “Рукнобод” оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, корхонаи маъдантозакунии “Рукнобод” аз тарафи ширкати чинии “Броадтек” бо арзиши лоиҳавии 135 миллион сомонӣ (21 миллион долари ИМА) сохта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 75,0 ҳазор тонна маъдан буда, ҳамасола ба маблағи 10 миллион сомонӣ хокаи қалъагӣ ва мис истеҳсол менамояд.

Дар корхонаи нав дар маҷмуъ 220  нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд, ки аз онҳо 140 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Сокинони шаҳр баъд аз гузаштан аз курси махсуси бозомӯзӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Технологияи навтарини корхонаи "Броадтек-Тоҷикистон" имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз 300 тонна хока коркард ё шуста шавад, - мегӯянд дар дафтари матбуоти Президент.

Алҳол корҳои омодагӣ ва мувофиқгардонӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани навбати дуюми корхона, ки маҳсулоти ниҳоии он металҳо аз мис ва қалъагӣ мебошад, идома дорад.

Ин корхона дар наздикии кони "Мушистон", воқеъ дар қаторкуҳҳои Зарафшон бунёд карда шудааст ва аз маркази шаҳри Панҷакент 30 километр дуртар ҷойгир мебошад.

Copyright @2015 TojNews    

Шояд шумо суол ё назаре доред?