Ифтитоҳи мактабе, ки бо сармоягузории ИМА бунёд шудааст

Сохтмони анҷомёфтаи як мактаб дар ноҳияи Исфара имрӯз бо ширкати Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ва муовини раиси ноҳия Содир Қосимӣ ифтитоҳ шудааст.

Ин мактаб, ки рақами 67 аст, дар доираи лоиҳаи гурӯҳи Сафорат оид ба равобит бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолӣ соли 2015 бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ҳудуди 550 нафар хонанда, аз синфи 1 то 11, ва ба истифода додани ҳашт синфхонаи иловагӣ шурӯъ шудааст.

Баъдан ҳукумати ноҳия ба анҷоми сохтмон маблағ наёфтааст ва он билохира бо кӯмаки сафорати Амрико ба анҷом расидааст. Мақомоти ҳокимияти давлатии Исфара мегӯянд сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби №67-и ноҳияи Исфара аз ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳукумати маҳалӣ, ки баҳри беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва таҳсили сокинони ноҳияи Исфара равона шудааст, гувоҳӣ медиҳад.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард гуфтааст, ки Амрико беш аз ҳар вақти дигар барои бунёди инфраструктураҳои маориф ва фарҳанг тарҳҳои хосаро сармоягузорӣ хоҳад кард.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?