Иқдоми хосаи Амнисти Интернешнл барои кӯмак ба Ёрову Маҳкамов

Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар - “Амнисти Интернешнл” бо таъкиди ин ки ҳабси Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ангезаи сиёсӣ дошт, бинобар ин ки онҳо адвокати фаъолони ҲНИТ буданд, ба кумаки ҳарду иқдоми хосаеро роҳандозӣ кард.

Бо пахши як муроҷиатнома, дар робита ба ғайриқонунӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудани Ёров ва Маҳкамов, ҳамчунин бархилофи меъёрҳои қонун баргузор шудани мурофиаҳои судӣ нисбати адвокатҳо, ин созмон аз ҷомеаи башарӣ дархост кард, то зери ин муроҷиатнома имзо гузошта ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бифиристанд.

Иштирокдорони “Кумаки фаврӣ” ҳамчунин метавонанд аз ширкаташон дар ин иқдоми “Амнисти Интернешнл” бо ирсоли муроҷиатномаи мазкур ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонро огоҳ кунанд.

Ҳафтаи гузашта Суди шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро ба муҳлати 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум карда буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?