Иқрори Белгия дар бораи “иштибоҳҳое” дар мавриди гумонбар ба ҳамлаҳои Брюссел

Иброҳим Бакровӣ, яке аз муттаҳамон дар ҳамалоти Брюссел

Баъди ду рӯзи ҳамалоти интиҳорӣ дар фурудгоҳ ва метрои Брюссел ҳукумати Белгия сатҳи ҳушдори амниятиро як дараҷа поин кардааст.

Дар пайи ҳодисаҳои террористӣ ва кушта шудани 31 тан ва захмӣ гардидани беш аз 300 нафар ҳукумати Белгия сатҳи ҳушдори амниятиро ба баландтарин сатҳ, яъне чорум расонда буд. Ҳоло мақомоти ин кишвар далели поин бурдани сатҳи ҳушдор ё омодагиро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Рейтер бо такя ба манобеъаш аз хадамоти махсуси ИМА хабар додааст, ки бародарон Холид ва Иброҳим Бакровӣ, ки дар ҳамлаҳои интиҳории Брюссел муттаҳам мешаванд, таҳти таваҷҷуҳи мақомоти ИМА қарор гирифта будаанд. Ҳардуи онҳо то ҳодисаҳои пойтахти Белгия дар рӯйхати нафароне, ки ба тероризм муттаҳам мешаванд, қарор доштаанд.

Як рӯз пас аз ҳодисаҳои Белгия Раҷаб Тайип Эрдуғон, президенти Туркия гуфта буд, ки яке аз муҳоҷимони ҳамалоти Брюсселро дар моҳи июни соли гузашта дастгир ва ихроҷ карда буд, аммо мақомоти Белгия ва Ҳулланд ба ҳушдори онҳоро таваҷҷуҳ накарданд.

Ба гуфтаи Эрдуғон, яке аз муттаҳамон дар марзи Туркия бо Сурия боздошт ва ба Ҳулланд бозгардонда шуда буд, аммо ӯ аз ин муттаҳам ном набурдааст. Як масъули дафтари президенти Туркия гуфтааст, ки президенташ Иброҳим Бакровиро дар назар дошт.

Бахши форсии ВВС навиштааст, ки вазири додгустарии Ҳулланд рӯзи панҷшанбе тайид кард, ки Бакровӣ 14-уми июни 2015 аз Туркия вориди ин кишвар шуд, аммо гузарномаи муътабари Белгияро дошт ва дар феҳрести афроди таҳти таъқиб набуд. Бинобар ин мақомҳои Ҳулланд далеле барои боздошти ӯ надоштанд.

Вазири додгустарии Белгия низ тасдиқ кардааст, ки ӯ аз ихроҷи Бакровӣ огоҳ шуда буд, аммо “дар он замон иттилооте аз он фаъолиятҳои террористии ӯ вуҷуд надошт. Ӯ як муҷрими одӣ буд, ки ба таври шартӣ озод шуда буд”.

Иброҳим Бакровӣ аз се нафаре мебошад, ки тасовири онҳо қабл аз ҳамлаҳои интиҳорӣ дар фурудгоҳи Брюссел дар дурбинҳои мадорбаста сабт шудааст. Дар ду ҳамлаи фурудгоҳ 11 тан ҷон бохтаанд.

Зимнан вазирони корҳои дохилӣ ва додгустарии Белгия баъди ин ҳодисаҳо пешниҳоди истеъфо кардаанд, аммо нахуствазири ин кишвар истеъфояшонро қабул накарда, хостааст ба фаъолияташон идома диҳанд.

Масъулияти ҳамлаҳои интиҳории рӯзи сешанбе дар Брюсселро гуруҳи мавсум ба “Давлати исломӣ” ба душ гирифтааст. Нафароне, ки дар ин ҳамлаҳо муттаҳам дониста мешаванд, пайвандие ба ҳодисаҳои хунини Париж доштаанд.

Ҳоло баъди коҳиш додани сатҳи ҳушдори амнияти дар Брюссел истгоҳҳои метро бо ҳузури сангини амниятиҳо ба фаъолияти муқаррарии худ баргашта истодаанд. Аммо фаъолияти фурудгоҳи Брюссел то рӯзи душанбе мутаваққиф шудааст.

Copyright @2016 TojNews  

Назарҳо

Агар Эрдугон пеши рохи террористонро нагирад кайхо оламро хароб карда буданд. Ин террористо ташкилкардаи давлатхои гарбианд.
Бемасъулиятии вазирони умури дохилӣ ва додгустарии Белгия дар ин ҳодиса ошкор аст, аммо онҳо ба гуноҳи хеш иқроранд ва пешниҳоди истеъфо низ карданд. Дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 14 нафар корманди мақомоти қудратӣ ҷон бохтанд. Муовини Вазири дифоъ Назарзода А. кушиши табаддулоти ҳарбӣ кард, вале Вазири дифоъ Шералӣ Мирзо барои хотирҷамъии мардум ҳатто (барои реклама) аризаи истеъфо намекунад. Фарқ аз замин то осмон.

Шояд шумо суол ё назаре доред?